Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На. Геракл!
— Хуб, Геракл!
— На. Ахилл!
— Хуб, Ахилл!
Баъди ин оромӣ набуд ўро. Мехурўшид чу Зевс, то девон бикушад ва некӣ бикунад ба родмардон.
Ҳамчу Геракл шери одамхор ва аждари нўҳсарро нобуд сохтанӣ буд, инчунин андар биёбони фарох ғизоли симинсоқи зарриншохро ба даст оварданӣ мешуд.
Вале дар боби Ахилл таваққуф бикард:
«— Аз нав бихон достони «Иллиада»-ро, ки Ҳуммери нобинойи ту чӣ гуна ҳамайи он чизҳоро тасаввур кардааст».
— Фарёд бикун ҷўраҳоятро!
Ва Искандар Протеяро фиристод, то ҷўраҳойи баройи бозӣ пазируфтайи Олимпиадаро ҷамъ оварад. Леоннати кўҳистонӣ, Марсийи бародари Антигона ва Гефестион – ёрони хушзавқро фаро хонд ва гўш доданд ба Лисимахи ровӣ:
«Ахилл пури шоҳ Пелей ва олиҳа Фетида буд. Зодагон фол нишон доданд пешомади тифлро. Раммол Калхаси ғайбдон пешгўйӣ кард, ки Ахилл қаҳрамон ном мебардорад. Бисёр корнамойиҳо мекунад ва дар ҷанги Троя тири заҳрогин хўрда мемирад. Чунин пешгўйӣ дили модари Ахиллро ба танг овард. Бикўшид пешгирӣ кунад ҷангро, то писараш бемарг монад. Шабе ба тани писар иксири бемаргӣ (амвроза) бимолид ва бар оташ гузошт. Шабҳангом падараш шоҳ Пелей бедор бишуд ва чунин ҳолро дида ба чашмонаш бовар накард. Шамшер биохт ва биҷаҳид сўйи Фетида. Олиҳа аз тарс бигрехту бурун рафт аз боргоҳ ва паноҳ бурд андар кўшки падараш Нерей, ки дар канори баҳр буд. Шоҳ Пелей писарро аз оташ бардошт, тамиз кард танашро ва ба тарбияйи дўсташ Ҳирони қантарус (асбодам) бидод. Ҳирон тифлро бо мағзи сари хирс ва ҷигари шер парво мекард. Бузургу тавоно мегашт Ахилл ва дар шашсолагиаш ба ҷанги шерону гурозон медаромад, сайд мекард ғизолонро.
Олиҳа Фетида дар ғами писар буд. Пинҳонӣ ба воситайи оби баҳр мерафт назди писар ва медид ўро. Навозиш мекарду дастурҳо медод, вале аз боби бемаргӣ, ё фоли коҳин лом намегуфт.
Бузург шуд Ахилл. Ба зўру тавон ва зебу фарр шўҳрат ёфт дар саросари Юнон.
Овоза шуд, ки сарвар Менелай зидди ҷанги Троя ялонро мехонад. Чунин овоза олиҳа Фетидаро ба ташвиш андохт, зеро ў оқибати ин ҷангро аз пешгўйийи раммол медонист. Модар писарро бидуздид ва пинҳон кард андар ҷазирайи Скироси баҳри Эгей, дар дижи шоҳ Ликомед. Ахилл дар либоси дух-тарона миёни духтарони шоҳ умр ба сар мебурд. Касе огоҳ набуд аз асрори ў.
Ва боз ҳамон раммоли даҳансиёҳ паноҳгоҳи Ахиллро ошкор кард ба сарвар Менелай...

пешина
аз 390
навбатӣ