Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳолиё хомўш мондани ў низ далел бар ин аст, ки чун дарё бидамад, мадд кунад ва ҳама майиту маслухҳоро андозад ба соҳил. Шоҳ Ардашери II ба назар дам карда буд ва бояд мекафид. Вазир парешон шуд, илоҷи ором кардани шоҳро меҷуст. Дигарон низ бепарво набуданд, гўйӣ нишаста бар сари сўзан ноором. Нигарон буданд, ки чӣ пеш ояд аз ҳукмраво.
Шоҳ Ардашери II ғайри чашмдошти ҳозирин якбора бархост, ки ин нишонайи анҷоми маҷлиси ў буд. Дигарон низ бархостанд, то бираванд. Аммо рафтани вазир ба иҷозайи шоҳ буд, чун одат, ки баъди ҳар маҷлис машварат меоростанд. Ва шоҳ писараш Охро низ боздошта. Дар толор вазиру Ох монданд ҳамроҳи шоҳ.
— ...Ҳамин тавр, вазири аъзам, шумо бар онед, ки Ох тухмаву дудмони ҳахоманишиҳоро идома медиҳад?
— Оре, шоҳаншоҳ! – ғайриихтиёр гуфт вазир Боҳуй баъд андеша кард, ки чаро шоҳи Порс якбора аз тухмаву дудмон андешид, ҳоло ки худ чандон пирӣ надорад, дар орзуйи зани ҷавонтар аст.
— Пас ўро сатрапи Миср хонем, зеро баройи идора кардани ин вилояти обод волийи заковатманд, пурдон ва айёр лозим аст.
Вазир Боҳуй дарёфт, ки шоҳ ҳарфи «айёр»-ро духўра гуфт:
ҳам далеру ҳам маккор. Аз ин рў хоҷасарой зуд посух надод ва ў боз дар фикр зад, ки чаро падар ин мартабаро ба Ох муносиб медонад, ки бузуртар аз ў шоҳзодагон ҳастанд.
— Вазири доно чӣ мефармоянд?
— Мусаллам аст, – кўтоҳ посух дод вазир, аммо аз сар дур андохта наметавонист, ки ҳарфҳойи шоҳ ҳама ба киноя монанд ва як навъ доме низ ҳаст.
— Мебинам, ки хоҷасарой чандон майл надоранд, – боз ба андешайи худ такя дошт шоҳ.
— На, шоҳаншоҳ, арзандатар аз Ох номзаде нест, аммо солаш кўтаҳӣ мекунад. Чунон ки фармудед, Миср ободтарин ва мутараққитарин вилояти Порс аст. Волие лозим аст, ки аз чор ҷиҳат пухта бошад: доно, зирак, тановар ва маккор. Ох доно ва зирак аст, ҳанўз ки хурд аст, тановар нест, ҳанўз ки содаву беолойиш аст, маккор нест.
— Ба назари ман, ки Ох дар Миср таҷриба андўзад. Фикри ту чист, Ох?
— Ҳар чӣ шоҳи аъзам фармоянд, раво бошад, – фармуд Ох ва намоз овард пеши падар.
— Офарин, Ох! Ман низ умед доштам, ки бояд чунин посух диҳӣ падарро. Зеро падар баъди худойи яккаву ягона бузургтарини бузургон аст.
Ох посух дод ба падар ва дарҳол ба сараш зад, ки волийи Миср шуданаш ҳам хубӣ дорад, ҳам бадӣ: хубиаш он аст, ки аз Боҳуй ҷудо мегардад ва мустақил мешавад, аммо бадиаш зиёдтар: бародарон зинда мемонанд; аз хоҷасарой, ки дур гашт, шояд асрор ҳувайдо созад; ба осонӣ валиаҳдӣ ба даст намеояд, магар набарду овард.

пешина
аз 390
навбатӣ