Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БаНди САВВУМ

Ин бор низ вазири доно Боҳуй гуноҳи шоҳзода Охро номаълум харид. Ҳама рафтору кирдори хоҷасаройро шоҳзода Ох хуб медонист, аммо дарку фаҳм намекард, ки чаро вазири дарбор шоҳро фиреб дода, барояш чунин некӣ мекунад. Шоҳзода аз назди шоҳ бурун омадани хоҷасаройро нигарон нашуд, балки бирафт ба Кўшки Гардон, то дар танҳойӣ биандешад. «Вазири доно дарёфт, ки агар маро ба Миср фиристанд, ҳама орзуву ниятҳояш барбод хоҳад рафт». Ҳамин қадар фаҳмида буд Ох, ё чунин тахмин карда буд. Аммо ишколи дигар буд андар сари ў: «Ин ҷо бимонам, чун кунам бо бародарон?» Ва баъд фикр кард пешбинона: «То нобуд сохтани ҳамайи онҳо на танҳо мўям, устухонам сафед хоҳад шуд».
Ба танг омад. Нигарист ба об. Кўшк ба ҷунбиш даромад ва боло рафт муқобили ҷараён. Ба назараш об истода, кўшк медавид боло.
Дарнаёфта, ки чашмашро об бурда. Ва чашм пўшида дур рафт аз сари кўшк ва дарёфт, ки ба назараш чунин буда. Пас бихост, ки кўшк бояд чунин бигардад тез. Он қадар тез, ки дар як мижа задан ҳамаро об рўфта бубарад аз саҳни Кўшки Гардон. Чунин андешааш беҳуда набуд. Нақшаҳойи ояндаашро андешида буд, ки бояд чунин шавад. Кўшки Гардон бойист, ки ба сони чархи осиёб гардад. Ва қарор истода натавонист; чунон ҷувозак гашт ба гирди хеш, ки по ба пояш печида биафтод бар фарш. Ҳамон тавр синамол рафт то лаби кўшк. Оби Аровандрўд фурўтар рафта буд. Даст ёзид, об бигирифт, пошид ба сару рўяш. Гумон кард, ба рўйи нони тафсони танўрӣ об зад. Зеро ҳаяҷон, тарс ва андешайи зиёд ба чунин ҳол оварда будаш. Ҳаловат бурд аз таровати об ва дергоҳ сина набардошта, сар фурў андохта бозистод, ки ҳамин замон оби рўд дамида, сару рўяшро лесида, фурў мекашадаш.
«Мурдан осон нест, агар кушанд, осон аст». Аз дил гузаронд ва тасаввур кард андар об дасту по заданҳойи бародарони кўчакашро. Нафасаш гашт. Гумонаш, об рафт ба даҳону дарунаш.
Тарсид аз мурдан, талвосайи ҷон парида хест. Вазнаш сўйи об майл кард. Хаёлаш, касе аз пас тела дод. Баргашту нигашт. Набуд касе. Ҳайрон шуд. «Девона мекунад маро ин ҳол». Ҳавас кард дидори хоҷасаройро.
Хоҷасарой ин замон аз назди шоҳ Ардашери II мебаромад; куҷо биравад? Назди аҳлу аёлаш ё назди Ох? Вале намедонист, ки шоҳзода Ох дар куҷост. Бозистод, ки чизеро назди шоҳ фаромўш карда, бояд бозгардад. «Охро бояд пайдо кард... На-а-а... Мавриди назди Ох рафтан нест... Набояд ман аз пайи ў гардам...» Вазири доно ба дасти чап тоб хўрду рафт ҷониби ҳарам, ки паси девори он буданд девонагон.

пешина
аз 390
навбатӣ