Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Гумон доштам, ки дар ғурбат танҳо мемирам ва ту писари кўчаки маро наздам меорӣ, Патрокл».
Сахт гирист Ахилл. Зевси дилогоҳ ва пурдида аз сари кўҳи Олимп бидид андўҳи ўро. Афина-Палладаро ба хаймайи қаҳрамон фиристод, то бар сари синайи ў шаҳду иксири нерў бимолад.
Олиҳа Афина тиросо бипарид сўйи Ахилл ва бимолид сари синайи ў шаҳду иксир, то пурзўру тавоно бошад...
Юнониён бирафтанд ба ҷанг чу мўру малах. Дуди заминро бароварданд. Пури Пелей Ахилли диловар хўд бар сар кашид, шамшер бар китф биовехт, сипари мунаққаши гефестӣ ба даст гирифт ва найзайи гаронро низ, ки танҳо ин шерҷигар бардошта метавонист. Бурун омад аз пардасарой.
Худойи барроқ Зевс ҳама худоёнро бихонд андар кўшки хеш.
Онҳо ду қисмат шуданд: олиҳаҳо Гера, Афина-Паллада; худоён:
Посейдон, Гермес, Гефест ҷониби юнониён. Олиҳаҳо Афродита, Артемида, Латона ва худоён Арес, Аполлон ва худойи Баҳр Ксанф тарафи тройиҳо.
Ҷанги мудҳишу хунин оғоз ёфт, ки ҷанги миёни худоён буд.
Замину замон биҷунбид, Троя биларзид. Ахилл ташна буд ба хуни Гектор.
Аввал Ахилл бо Энейи пури Анхиз ба ҷанг даромад. Эней осемасар буд, то зудтар найза занад ба Ахилл. Найзайи ў ба сипари Ахилл бархўрд, вале кора накард. Навбати Ахилл расид. Найза зад, найзайи ў сипари Энейро шикофт. Эней хам хўрд ва найза аз тори сараш гузашт. Эней битарсид. Ахилл шамшер кашид аз наём.
Эней харсангеро бардошт. Ин замон худойи Посейдон даррасид ва Энейро бардошта аз размгоҳ дур андохт ва фармуд:
«То Ахилл зинда аст, ту пешҷанг мабош!»
Акнун Ахилл Гекторро меҷуст андар овардгоҳ. Чун Гекторро бидид, чашмаш кушода бишуд. Фармуд:
«Дигар дар майдони набард нагрезем аз ҳамдигар! Пеш о, то зудтар назди Айида бифиристамат!»
Чунин посух гуфт Гектор:
«Ҳоло равшан нест, кӣ пештар равад назди Айида. Худоён донанд, ки кадоме аз мо пирўз мешавем! Вале бидон, ки найзайи ман ҷонситон аст!»
Гектор найза андохт. Олиҳа Афина-Паллада нафас дамид, найзайи ўро каҷ бурд. Найза афтод пеши пойи Ахилл. Навбати Ахилл расид. Найза андохт, вале худойи Аполлон даррасид ба мадади Гектор, тираву тор гардонд пеши назарро. Ахилл се бор найза андохт ва се бор найзааш пардайи торикиро дарронд. Бори чаҳорум хурўшид Ахилл:
«Боз раҳидӣ аз панҷайи марг, эй саг! Боз Аполлон наҷотат дод! Агар миёни худоён мададгори ман бошад, туро бо зудийи зуд нобуд хоҳам сохт!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё