Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Одиссей ва Диомед дар сурати бозургон дохил шуданд ба қасри Ликамед. Матоъ густуриданд, зарфҳову бозичаҳойи заррин ва зарру зевар ба бозор бароварданд. Паҳлўйи матоъ сипару шамшер низ ни-ҳоданд. Духтарони шоҳ ба чизу чора часпиданд. Ахилл ба шамшеру сипар менигарист. Аз беруни диж ёрони бозургонон шайпури набард бинавохтанд. Ахилл пиндошт, ки ҳуҷум оварданд душманон ба дижи шоҳ, зуд шамшеру сипар бардошт. Онҳо донистанд, ки ў Ахилл аст. Ба ҷанги Троя хонданд ўро. Ахилл розӣ бишуд. Дўсташ Патрокл ва мураббиаш Феникси хирадманд ҳамроҳи ў ба ҷанги Троя рафтанд.
Дар Троя Приами доро – наберайи асосгузори ин шаҳр Ил умр ба сар мебурд ва Гектор ном писаре дошт, ҷасур буду далеру шуҷоъ. Мамлакатро ў ҳифзу ҳимоя мекард.
Хабари ҷанг рафтани Ахилл ба модар расид. Олиҳа Фетида илоҷ ҷуст ва ба даргоҳи худованди ҳунар Гефест афтод. Гефест ҳайрон бишуд, ки чӣ ҳоҷате олиҳаро оварда ба даргоҳи ў.
Фетида гуфт: «Писари маро ба ҷанги Троя бурданд. Силоҳ мебод ўро». Гефест олиҳаро ба кохи ҳунари хеш бурд ва баройи ў сипару шамшеру найзаву кулоҳ бисохт, ки ҳама мунаққаш ва муҷалло буданд. Ва акси нури хуршед мегардониданд. Гефест хеле ҳунар кард дар сипар; симу зарру сурб биомехт ба ҳам ва нақш кард бар сипар. Сурати зиёд нақш карду нигор ва бахшид ба Фетида.
Фетида гоҳе назди писар омад, ки Ахилл бар ҷасади ҷўрааш Патрокл мегирист. Олиҳа ором кард писарро ва силоҳ намуд. Дар чашмони Ахилл дурахшид. Ҳамчунон сипару шамшеру кулаҳхўд шўъла мепошиданд, ки ёройи нигаҳ кардан набуд касеро. Шод шуд Ахилл. Ҳадяро пазируфт. Ва рў овард ба корзор. Ахилл хиҷил буд аз ҷасади миёни корзор мондайи Патрокли аз тири Гектор фавтида. Олиҳа ором бикард писарро:
— Осуда бош, ман илоҷе меёбам. Вале ту аввал назди пирони юнонӣ бирав, машварат бикун, пасон куҷо меравӣ, майл турост.
Ахилл омад назди хаймайи Агеменон, ки пештар баҳсу талоши зиёде карда буданд. Ахилл ба ҷанг хонд ўро. Агеменони маҷрўҳ баромад. Чун Ахиллро парешону шўридаавзоъ бидид, роҳи оштӣ биҷуст. Ахилл дарёфт, ки сарбозони юнонӣ майли ҷанг надоранд, ҳавойи ватан доранд, ноилоҷ монд:
Қаҳрамони тройӣ Гектор хуни юнониёнро зиёд рехт. Юнониён маҷлис оростанд ва бозрафтанд ба ҷойҳойи хеш: нохудо ба киштӣ, гурдону ялон ба хаймаҳо. Сарони юнонӣ омаданд ба хаймайи Ахилл. Ахилл мотам дошт ба марги Патрокл. Намехўрд, наменўшид, намехуфт. Агеменон, Менелай, Одиссей, Нестор, Идоменей ва Феникс дилдориаш мекарданд, ором намешуд:
«— Ҳатто марги падар ё писари хурдсоли дар ҷазирайи Скирос доштаам маро он қадар андўҳгин намекард, ки марги ту, Патрокл.

пешина
аз 390
навбатӣ