Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ай Ахилл! Туро савганд медиҳам ба номи зодагонат, то мурдайи маро ба сагон надиҳӣ... Ба падару модарам бирасонӣ!
Онҳо туро зарру хостайи зиёде хоҳанд дод!
Аз чунин гуфтор ба хашм омад Ахилл:
— Ай саг, беҳуда зорӣ мекунӣ... Худам бояд туро пора-пора кунам. Бигзор сагон туро лахт-лахт кунанд. Ба вазнат тилло диҳанд ҳам мурдайи туро зодагонат нахоҳанд дид!
Гектор ҷон медоду мегуфт:
— Медонистам, ки зорийи ман асар надорад туро! Андар қафаси синайи ту санг ҳаст, на дил... Вале аз ғазаби худоён битарс!...
Чунин рўз ба сари ту низ хоҳад омад... Тири Парис бо мадади худойи Аполлон андар дарвозайи Скейск синайи туро хоҳад шикофт...
Ахилл ғазаб кард ва ҷанговаронро пеш хонд, то бар ҷасади Гектор найза заданд. Пасон аз пойи мурдайи Гектор бар гардуна бибастанд ва асбонро пеш ронданд. Мурдайи ў чанги заминро баровард. Модари Гектор чунин ҳолро аз қасри Троя дида ҷўлидамўй тохт ва хешро бар мурдайи писар андохт. Падари пираш Приам низ омад. Пеши пойи Ахилл афтод ва гуфт: «Ай Ахилл! Падари пиратро пеши назар биовар!» Зани Гектор Андромаха низ бидиду битохту беёд шуд... Ва ба худ омада фарёд зад, ки писари хурдаш ятим монд. Андўҳи гарон дили Андромахаро низ бидарид...
Худоён аз сари кўҳи Олимп ҳамаро диданд ва ғазаб карданд бар Ахилл..
Ахилл баройи мурдайи қаҳрамонони юнонӣ Патрокл ва Антихола хун металабид ва ҳама қаҳрамонони Трояро як-як нобуд месохт. Ў ҳамаро задаву кушта то дарвозайи Скейск расид ва хост ба Трояйи муқаддас даромада, ҳамаро зеру забар кунад. Худойи Аполлон фарёд зада боздошт ўро. Ахилл ҳамлавар шуд ба ў. Ғазаб кард Аполлон ва аз ёдаш рафт, ки дар базми Пелей ва Фетида ваъда карда буд ҳимояйи Ахиллро.
Ахилл бикалавид, такя бар найза дод ва фармуд:
— Дареғи шумо, нобуд мешавед ҳамаатон! Баъди марг ҳам аз шумо қасдамро меситонам...
Искандар хоб медид Ахиллро ва пайравӣ мекард, ҳатто дар бозийи ёрон:
— Гефестион! Ман – Ахилл, ту – Патрокл... Сар кардем ҷангро!
Искандар сипари аз тунука сохтайи Леонидро сўйи Офтоб медошт, то аксаш чашми душманонро хира кунад, вале Хуршед базўр акс медод дар сипари хирайи ў. Хўди сарбозӣ буд кулоҳашон, аммо найзаву шамшерашон – чўб.
— Ба ман шамшери ҳақиқӣ бидеҳ, Гектори ҷонсахт кушта нашавад ба чўб.
— Сабр бикун, Искандар! Вақти шамшерзанӣ меояд.

пешина
аз 390
навбатӣ