Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— На! На! На!
Шамшери чўбӣ ба навниҳолон мезад, сарпарид мекард, гулҳойи боғро мешикаст ва хашм мегирифт ба ёронаш.
— Ту куштӣ Патроклро, Гектори бадгуҳар! Надонистӣ, ки ў ёри ман буд? Акнун адабатро бигир!
Сипар дошт сўйи Офтоб, вале аксаш набуд.
— Имрўз ҷангбозӣ намекунем. Сипари ман акси Офтобро надорад... Гўштӣ мегирем.
Ва дар гўштӣ меафканд ёронашро Искандар.

БаНди ДУВВУМ

Баройи Искандари боҳушу рой афсона кофӣ набуд. Илмҳойи дигарро бояд азбар мекард. Миёни устодони ў Филиски адолатхоҳ низ буд, ки шоҳзодаро дар роҳи сулҳу адолат тарбият мекард ва роҳи дурусти давлатдорӣ меомўзонд. Искандар пиндошт ва чунон шуморид, ки дарси ноҷост баройи ў...
...Зеро рўз ба рўз бузургтар мешуд Искандар ва дар пўсти хеш намеғунҷид. Худро Геракл мегуфт, Ахилл мехонд. Вале ба Зевс гуфтан ҷуръат намекард. Зеро сиёсати тавонойӣ ва олампаноҳийи худойи барроқ пахш мекард шоҳзодаро. Чун диданд, ки илму машқу афсона кофӣ нест Искандари ялосоро, зодагон аз пайи устоди мувофиқ ва арзандае шуданд. Қуръайи фоли нек ба номи Арастуйи донишманд афтод. Дар он замон, ки Файлақуси II унвону рутбайи шоҳӣ дошт ва овозайи фавқулода наҷибу ғариб будани шоҳзода ба ҳар канору диёр рафта буд, Арасту пазируфт чунин пешниҳодро... Искандари хурдсол волаву шайдо шуд ба дониши файласуф ва сар фароварду унс гирифт бо ў. Устоди гетишинос ва огоҳ аз офариниши Олам чашми шоҳзодаро ба дунё кушод. Чун ҳаваси Искандар ба оламшиносиву оламгирӣ зиёд буд, ҷуғрофияйи гетиро донистан мехост. Пурсон мешуд аз ҳар боби Олам. Устод чун донист, ки ҳаваси ў афзун ба ҷуғрофия ва дарси ҳарб аст, самту ҷиҳатҳоро меомўзонд ва мефаҳмонд, ки Олам ду қутб дорад: қутби Шимолу Ҷануб. Яке сарм, дигаре гарм. Баҳри Миёназамин ҷудо мекунад ин қутбҳоро ва об мепайвандад ду самтро. Ҳавас пайдо шуд дар дили шоҳзода, то зудтар бубинад ин ҷойҳоро.
Искандар муддате аз раъяш гашт, ки на чун Гераклу Ахилл қаҳрамон бошад, балки мисли Арасту донову ба ҳушу рой гардад.
Ў ин марди файласуфу оламдонро мепарастид ҳамчу худо...
Вале чунин хушрўзиҳо дер напойид. Падари тавонояш ҳаваси зани нав кард ва ҳавасҳойи дили Олимпиадаву писараш Искандари навҷавонро бикушт. Шоҳ Файлақус духтари яке аз ашрофзодагони мақдуниро ба занӣ хост. Зодагони Клеопатр чун диданд, ки шоҳ ҳаваси зиёд дорад ба духтари шонздаҳсолаашон, ихтиёри ўро ба амаки номдор ва ҳомийи хонадон Аттали сипаҳбади дар ихтиёри хеш даҳ ҳазор сипоҳӣ дошта вогузоштанд.

пешина
аз 390
навбатӣ