Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ гуна самимӣ набошад, шоҳам? – фармуд хоҷасарой ва ранги рўяш канд.
— Агар самимист, нўши ҷон бод!
Шубҳа кард хоҷасарой ва ҷомро ба сар накашид. Шоҳ ҷом ба сар кашид ва лабонаш баста ба ҳам ба хоҷасарой ишора кард:
«навбати шумо».
Хоҷасарой ҷомкоса ба лаб бурд ва бозгардонд.
— Ман баройи шумо хўрдам, хоҷасарой, шумо баройи ман бихўред.
— Чи хел ки танам ноҷўр аст, шоҳам, – гуфт ў ва ҷомро бозгузоштанӣ шуд.
— Шаробро бинўшед, ҷўр мешавад.
Хоҷасарой чун донист, ки ҳукми шоҳ қатъист, пас-пас рафт.
Ларза дар андомаш даромад. Яқин кард, ки шоҳ аваз карда ҷомро.
Зеро шоҳ шароби ҷомкосаро бихўрд ва бо ў чизе нашуд. Хоҷасарой дар як лаҳза ҳама корҳойи зишти бо подшаҳон ва шоҳзодагон кардаашро пеши назар овард ва донист, ки чӣ мушкил будааст ҷон додан, чӣ зулм карда будааст бо эшон. Дастонаш агар каме ларзиданд, зиёдтар ларзонд, то бода бирезад. Аммо шоҳ дасти ларзони ў ва қадаҳ боздошт, то бода нарезад.
— Бинўш, хоҷасаро!
Ин ҳукми қатъӣ ва беҳурматона ҳам буд, ки шоҳи дастнишони вазир бо ў мекунад. Сўйи шоҳ нигарист. Чашмони маккораш боз шуда буданд ва бузург ба сони ҷомкосаий дасташ. Доро маънийи нигоҳи ўро дарёфт. Дарёфт, ки хоҷасарой носипосӣ мекунӣ мегўяд, аммо шоҳ аз ҳукму ройи хеш бозгаштанӣ набуд.
— Бинўш! Бисёр шоҳони Порс аз ин ҷом шароби дасти туро хўрдаанд!
Хоҷасарой кинояйи шоҳро пай бурд ва ҳаракат кард, ки шаробро бирезад, аммо Доро сахт дошта буд.
Рў ба рўйи хоҷасарой Гулгун пайдо шуд. Вазири маккор чашм пўшиду кушод, ки шояд хато бошад, дуруст буд. Умедканда шуд.
Агар то ҳол рафторҳойи шоҳро нимшўхиву нимҷиддӣ мефаҳмид, алъон яқин кард, ки ҷон ба саломат нахоҳад бурд. На танҳо забони ҳарф задан ва ё узр пурсидан надошт, балки дандонҳояш зиҳ зада буд, чунон ки дандонҳойи мурда.
Гулгун аз пеши худ ин корро кард, то хоҷасаройи сархўр бидонад, ки ин кори модари фарзандгумкарда аст. Дар ду олам гуноҳи ўро нахоҳад бахшид. Ў баройи он аз касе рухсат напурсида рў ба рўйи вазири маккор ҳозир шуд, то падараш Доройи Кудумон ба ҳарфҳойи ў бовар кунад, бо ҳузури худ ба шоҳ фаҳмонад, ки он чӣ гуфтам, рост аст. Набояд ин шағол раҳо ёбад аз чанги шер.
Ҳар кӣ андар толори Садсутун буд, аз ин саҳнайи ногаҳонӣ шефтаву ҳайрон монд. Ҷо-ҷо карахт буданд ва сабаби ба хоҷасаройи машҳур зулм кардани шоҳ Доройи III-ро намедонистанд.

пешина
аз 390
навбатӣ