Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Дар аҷаб буданд, ки чӣ шуда бо шоҳу бо вазири донойи боргоҳ.
Хоҷасаройи тарсу ва умедканда аз зиндагӣ лоилоҷ монда буд:
бо он ҳама донойиву макру ҳиял наметавонист роҳи раҳойӣ пайдо кунад. Лабони гўйӣ дўхта ба ҳам ёройи садо надоштанд. Панҷайи аҷал қабза карда гулўяшро. Вазири маккор дар чунин ҳолат андеша дорад, ки агар аз дасти эшон раҳо ёбад ва умр боқӣ бошад, аввал ҳисобашро бояд бо Гулгун баробар кунад. Зеро хоҷасарой нияти куштани Гулгунро надошт, балки соли фавти писари ў Аршакро гузаронда, ин зани нозанинро моли худ карданӣ буд. Чун ўро дар қатори ҳама хешу пайвандони Ардашерон фавтида медонист, бепарво гашта буд. Ва донисту дид, ки Гулгун зинда аст, умед аз ҳаёт канд. Зеро Гулгун донандайн асрори хоҷасарой буд.
— Даҳон во бикун!
Садойи шоҳ Доройи III ғазаб дошт. Аз ройи хеш баргаштанӣ набуд. Ҳарчанд медонист, ки ҳукмаш воҷиб аст ва метавонад бо далелу бурҳон гуноҳони вазири боргоҳро дайн карда бо сахттарин азоб ба қатл расонад, қасдан ин корро ҳоло мекард, то кӣ будани хоҷасаройро дарбориён, сипаҳсолорон ва аъёну ашроф, аркону акобир бидонанд ва тарсанд аз ғазаби шоҳи нав. Ва чунин роҳи кушиш усули қатли хоҷасаройӣ низ буд.
Ҷом дар лабони хоҷасарой омада буд. Ў бўйи шароби заҳрогинро мешунид ва чашм мепўшид, ки охирин лаҳзаҳойи ҳаёти талхи ўст, гарчи то ин дам касе мисли ў зиндагийи ширин надошт, бартар аз подшаҳон умр ба сар мебурд, ҳар чӣ мехост, он мешуд... Ҳоло як бори дигар зўр зада лаб кушода аз шоҳ узр пурсиданист:
— Буб... буба... бубахшеед...
Аз нафаси тезу тирвор баромадайӣ ў шароби ҷомкоса пош хўрд ва шоҳ Доро зиёдтар ғазаб кард, ки қасдан аст кори ў.
— Бинў-ў-ўш!!!
Аз садойи шерона ва ғайриихтиёри шоҳ Доройи III толор пур шуд. Зарфҳойи заррину мисӣ зу-зу овоз бароварданд. Гўшҳойи вазир қуфл зад. Вале ў наметавонист лаб кушояд. Мақсад он буд, ки ба ҳар нафасу ҳаракат шароби ҳалоҳили ҷомро бирезад ва раҳо ёбад аз ҳукми нохонда. Аммо осон набуд аз чанги шери жаён раҳо ёфтан.
Ҷомкоса лаби зери хоҷасаройро пахш карду ба дард овард ва бодайи талх бирехт дар лабонаш. Бўйи нохуши он ба димоғ ва ба мағзи сари ў расид.
Аз сару рўйи шоҳи миёнсол ва хоҷасаройи солхўрда арақ мешорид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор