Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Толори Садсутун аз аҳди Ҷамшед то кунун чунин ҳукми қатлро надида. Ин тахту диж бинойи адл ба шумор мерафт ва аз пирўзийи некӣ бар бадӣ бунёд гашта ва аввалин ҷашни Наврўз дар ин ҷо бунёд шуда... Вале имрўз набарди ногаҳонийи шоҳу вазир меравад ва нишонайи хубӣ надорад аз ҷулуси шоҳ Доройи III.
Охирин шоҳи сулолайи ҳахоманишиён, ки ибтидойи онро шоҳ Куруши Кабир аз адлу инсоф бунёд гузошта унвони пайғамбариро гирифта буд.
Раммолон пешгўйӣ карда буданд нохушийи бузургро. Чун Доро медонист ин нохуширо, ба манфиати хеш ҳал кард.
Хоҷасаройи якраву қайсар ва маккорро бо кўмаки сарбозон афтонданд ба замин. Гўлўяшро пахш карданд, то даҳон кушод.
Шароби талхро рехтанд ба даҳонаш. Ҳарчанд намехост фурў барад ва ғарора мекард, бо вуҷуди он шароби талху заҳрогинро қурт кард ва пас аз чанд муддат кафк бирехт аз даҳонаш ва хоҷасаройи ҳукмраво пой дароз кард...
— Хоҷасарой ин шаробро ба шоҳ Доройи III хўронданӣ буд!
– баройи гуноҳи худро савоб гардондан рў овард ба аҳли толори Садсутун шоҳ.

пешина
аз 390
навбатӣ