Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шоҳи Эпир бародари ман аст. Инро медонӣ. Ва ў бояд бо шоҳи Мақдуниё шоҳ Файлақуси дуввум ҷанг эълон бикунад. Вале тарсуст. Александр баройи ранҷиши ту ва баройи озори Искандар аз шоҳи Мақдуниё интиқом бояд биситонад.
— Баройи ту кӣ бояд интиқом бигирад, Олимпиада?
— Баройи ман интиқом ситонидан зарурате надорад. Ман метавонам интиқомамро худам бигирам.
— Агар ин корро ман бикунам, Олимпиада?
Олимпиада табассум кард ва ба карашма андаке сар ба китфи рост майл дода фармуд:
— Иҷозат ҳаст Павсанийи родмардро...
Ва се тан шуданд: Олимпиада, бародари ў шоҳ Александр ва Павсанийи орестидӣ. Павсаний замоне ҷондори шоҳ Файлақус буд.
Ва ҷойи ҷони ўро медонист. Олимпиадайи зираку маккора баройи ҳамин маҳз рў ба вай овард, то ба як тир ду фохта бизанад: ҳам Павсанийро ба ҷанг ангезад, ҳам қасди хеш биситонад аз шоҳ.
— Александр, дар рагҳойи мо хуни олиҳа Фетида ва қаҳрамон Ахилл ҷорист, ту набояд тарсу бошӣ. Ҷанг эълон бикун, ба он тарафаш корат набошад. Павсаний ҷойи ҷони Файлақусро донад.
Кўмак кунад туро ва ман донам, ки Файлақус ба ҷанг розӣ нахоҳад шуд. Зеро дар миён писараш Искандар ҳаст.
— Ин кор аз дасти ман наояд, Олимпиада. Агар майл дорӣ, ба ҷойи ман бош ва ҷанг эълон бикун!
— Ман аз зан шуданам пушаймон, Худо маро чаро мард наофарид? Агар мард будам, медонистам чӣ кор карданро.
— Ту малул нашав, Олимпиада... Шод бош. Ман ба Александр гўям чӣ кор карданро. – Фармуд Павсаний ва ба шоҳи Эпир рў овард: – Мо бояд нома нависем ва пайк фиристем ба шоҳи Мақдуниё, то омода бошад ба ҷанги эпириён. Александр, ту осуда бош. Олимпиада як чизро медонад, ки мегўяд. Ман ҷонибдорӣ мекунам шоҳзанро. Файлақус агар бо хосту амри хеш ба ҷанг равад, матонату шуҷоат дорад, ба пахш кардану фурў нишондани шўру балво қодир аст, аммо тобу тавони размеро надорад, ки аз ҷониби шоҳи мамлакати ғайр эълон шуда бошад... Ман ўро медонам, Александр. Ту ба ҳарфи хоҳарат Олимпиада розӣ бишав.
Ў бадӣ нахоҳад ба ту.
Чизе намефаҳмид Александр. Наход баройи зан гирифтани шоҳ хоҳараш то ин дараҷа сўзад ва худро ба ҳар дару девор занад, интиқом ҷўяд? Ангушт мушт мекард. Сар мешикаст, аммо самаре набуд. Агар ў ба хости Олимпиада майлу рафтор бикунад, аз шоҳ чӣ бинад?
— Олимпиада, шарт аст, ки мо мушт ба дарафш занем?
Як қад парид Олимпиада. Сахт нигарист ба бародар ва хост як шаппотӣ ба рўйи ў занад. Зуд дарёфт, ки ў ҳоло ятими бепушту паноҳ ва бародари кўчаки хорузору дастнигари амакаш Арибба нест, балки шоҳи Эпир аст, худдорӣ кард.

пешина
аз 390
навбатӣ