Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале сабуриаш дер напойид:
— Шоҳон муттаҳам мешаванд. Як бор гузаштаро пеши назар намеоранд. Ҳозирбинанд ва пиндоранд, ки ҷаҳон ҷовидона бимонад барояшон.
— Чаро мисли гурба хур-хур дорӣ? Магар ту шоҳдухтар найӣ?
— Шоҳдухтар будам, шоҳзан шудам ва имрўз хоҳари шоҳ ҳастам. Ҳолиё шоҳдухтарро бубин, ки ба ҳолаш мурғони ҳаво мегирянд. Касе гўш надорад ҳарфашро, касе нагирад тарафашро.
— Чӣ кунам? Худамро бикушам ё туро?
— Маро, Александр... Ман шояд ба шумо нохушиҳо биоварам, лекин одамкушӣ меомада бошад аз дасти ту?
— Ором бошед, малика. Агар баройи шумо касеро куштан лозим бошад, ман ҳозирам. Беҳуда Александрро ташвиш надиҳед.
— Ту рўбоҳӣ накун, Павсаний. Рўйрост бигўй, ки оё мумкин аст шоҳ Файлақусро нобуд сохтан? – қатъӣ ва ҷиддӣ пурсид Олимпиада.
— Бале. – Андеша накарда посух дод Павсаний.
— Пас пархош бихоҳ, Александр, ба он тарафаш корат набошад... Ман туро хушбахт карданиам, Александр. – Фурсат мувофиқ дониста фармуд Олимпиада.
— Хушбахт карданӣ ҳастӣ ё бадбахт?
— Аз ман гумони бад мабар, бародар. Ман ба тахти шоҳӣ нишастанӣ нестам. Як писар дорам, ки тахти Мақдуниё насиб карда ўро. Нияти баргаштан ба тахти Эпирро надорад. Аз ин рў худро азоб надеҳ.
— Пас ман чӣ бояд бикунам?
— Нависанда пеш хон. Нома навис ба шоҳ Файлақус, ҷанг бихоҳ ва пайк бифирист.
Боз ба андеша рафт Александр. Дергоҳ хомўш монд ва рў овард ба хоҳар:
— Имшаб биандешам, фардо посух бигўям.
Олимпиада гумон кард, ки Александр фиребад ўро: ҷосус фиристад ба шоҳи Мақдуниё ва асрор ҳувайдо гардад, кор нохубтар шавад аз буда. Тамоми шаб мижа таҳ накард хоҳар, то бубинад бародар чӣ кор кунад. Рафтор ва ҳаракати ноҷойи шоҳи Эпирро надид. Дилпур гашт аз бародар.
Александр ба Олимпиада субҳи зуд кас фиристод, то наздаш биёяд. Олимпиада Павсанийро низ ҳамроҳ гирифт. Аз ваҷоҳаташ бармеомад, ки Александр ҳанўз ба хулосае наомада.
Гўйӣ шаби дароз нахуфта андешида ғаш кардааст, ки пўсташ ранги мурда гирифтааст.
— Нахуфтӣ магар, Александр? – дилсўзие буд аз ҷониби хоҳар.

пешина
аз 390
навбатӣ