Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Вале Искандар баҳонайи ба духтари шоҳи Кария хонадор шуданро пеш овард. Демарат бифаҳмонд вазъиятро ба Искандар:
— Ай шоҳзодайи хубрў, огоҳ найӣ, ки шоҳи Кария духтари худро ба бародари ту Арридус ваъда карда?
— Чӣ? Ба Арридуси ақлбохта?
— Оре!
— На! Чунин нахоҳад шуд. Арридус на домод шавад, на шоҳ!
Ман хуни он девонаро макам.
— Осуда бош, Искандар. Ҷаҳл ба ту барин шоҳзодайи таълимдида назебад.
— Баракс, Демарат, ҷаҳл ба ақлбохтагон назебад. Касе, ки ақли расо дорад, интиқоми ў низ расо хоҳад буд. Гумон надорам, ки Арридус ба шавҳар шудан қодир бошад.
— Ман бовар дорам ба ақли расойи ту, бояд падару модари хеш ва хоҳаратро дўст дорӣ ва ба базми арўсийи Клеопатр биравӣ.
— Хуш фармудӣ, Демарат... Бояд бигўям, ки модарамро дўст дорам, аммо шоҳро на. Ба назарам ў чун Крони фарзандхор метобад... Ту чун дўстӣ дорӣ бо ў?
— Файлақус шоҳи бузург аст, Искандар. Касе дили туро аз ў сард карда, вале дили шоҳ ба ту гарм аст. Ў мефармояд, ки то писарам наояд, базми арўсийи Клеопатр барпо нагардад.
— Хуб, бирав, Демарат. Ман ҳамроҳи духтари Пиксодор хоҳам омад.
— Макун ин корро Искандар! Файлақус аз ту норозӣ хоҳад шуд.
— Норозӣ бишавад!
— На! Ба духтари Пиксодори барбар хонадор шудани шоҳзодайи мақдунӣ ба ақл рост намеояд.
— Бирав, бигуй, ки писари таълимдидайи шоҳи мақдунӣ зиндагийи барбаронаро авло донад аз маснади шоҳ Файлақус.
Демарат дарёфт, ки Искандар ҷиддӣ гўяд ва худо донад, ки бо чунин хў ба базми арўсийи хоҳари хеш Клеопатр биравад...
Искандар дар асл феълу атвор намуданӣ буд ба фиристода.
— Боз ба шоҳ бигўй, ки магар хоҳари ман бешўй монда, ки шоҳ ўро ба тағояш диҳад?
— Ё Искандар! Ман ин ҳарфро ба шоҳ гуфта натавонам, магар ки ту гўйӣ.
Биандешид Искандар, ки чаро гуфт чунин. Ва ҳарф дигар кардан хост.
— Олимпиада огоҳ ҳаст?
— Оре!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё