Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Ва розист, ки духтарашро ба бародараш Александр диҳад?
— Ҳо, шоҳзода...
— Аҷаб...
— Ҳеҷ аҷобат надорад, Искандар. Ҳоҷати сар шикастан нест.
Ту бояд як чизро дарк бикунӣ, ки тахту тоҷи Мақдуниё, баъди Файлақус бояд ба ту насиб бикунад. Вале ситеза дорӣ. Чаро? Чунин феълу хў хуб набувад баройи шоҳзодайи боҳушу рой.
Гўйӣ ин ҳарф бедор кард Искандарро ва ризоият дод баройи бозгаштан аз Иллирия ба шаҳри Пелла. Ва аммо ба шаҳри Эпир омад, ки бояд базми арўсийи хоҳараш барпо мешуд.
Фасли тобистон буд. Тобистони соли се саду сиву шашум то милод. Бойист, ки лашкари шоҳ Файлақус равон шудӣ сўйи Порс.
Вале муроди арўсийи шоҳдухтар Клеопатр шоҳро аз ин сафар боздошт. Зеро базми арўсӣ ба муроди шоҳ Файлақус буд ва бештар Олимпиада ба назар шодон менамуд, ки духтарашро Александр мегирад. Арўсийи онон ҷанги миёни Мақдуниёву Эпирро боздошт. Олимпиада хешро он қадар серташвиш ва шодком вонамуд мекард, ки муроди аввалу охираш ҳамин бошад. Вале боз мехост расидагӣ бикунад ба дигарон: ба духтар, ба Искандар ва ба бародари зойида – Александр. Ва аммо ташвиши посўхтагийи ў пеши Павсаний дигаргуна буд. Малика ҷон ба гарав гузошта буд назди собиқ ҷондори шоҳ Павсаний. Ҷондори собиқадору пурдида низ имкон аз даст доданӣ набуд ва ҳозир буд ба ин зани занон, зебинисо, маликайи хубон, шоҳзани қавирўҳ, кордон, мағрура ва сахткин ҷон бидиҳад. Меҳмонони ду тараф он қадар омада буданд, ки гўйӣ маҳз баройи ҳамин рўз халқ шуда бошанд. Ва аз ду тараф ҳам баройи малика наздик буданд меҳмонон. Ғуруру сарбаландийи малика ҳамагонро болида медошт. Танҳо зани ҷавони шоҳ Клеопатрайи шонздаҳсола дар ин базм ҳузур надошт. Ё аз ғазаби Олимпиада метарсид ва ё шоҳ рой надода ба омадани ў. Феълу атвори малика ба ҳама равшан буд. Ба вижа ба Павсаний. Шоҳ Файлақус пиндошта, ки ў зан аст, Искандар гумошта, ки модар аст ва дигарон дониста, ки шоҳзан, аммо Павсаний ҳаматарафа дониста ўро. Олимпиада бо бадон – бад, бо некон – накў. Чунон қавирўҳ ва сахткина, ки нерўҳойи аҳриманӣ надорад чунин қудрат.
Арўсийи духтар дорад ў ва базму муроди бародар. Вале дар хатти дуввум аст базму муроди духтару бародар, ки чандин шаборўз идома дорад ва зиёда аз наварўсон маликаву Павсаний шарбати висол мечашанд. Олимпиада бояд бурд бикунад аз чунин хонадорийи пайвандон. Арўсийи духтараш воситаест баройи шодком гаштани малика. Олимпиада пеш аз он ки ин базмро барпо кунад, хеле сар шикаст ва нақшаҳойи зиёд кашид. Ў тасмим гирифта, ки базми арўсийи духтараш на камтар аз базми висоли шоҳ Файлақус ва Клеопатрайи шонздаҳсола бошад. Аз ин рў номдорону асилзодагон аз қаламрави шоҳ Файлақус назди шоҳи Эпир Александр омадаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё