Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар хост бонуро рўйи реги соҳил бихобонад ва худро бар ў андохта рўю баногўшу занахдонаш бимаккад, сари синаашро кабуду сиёҳ гардонад ва гўяд: «Достон шавад?» Вале ҷавонмардӣ надонист. Бонуйи зеборо рўйи даст бардошта ба пардасаро овард...

БаНди ҲАШТУМ

Назди пардасаро пур буд аз одам: афсару сарбозҳо, гетерҳо ва хидматгузорон. Вале дар тирашаб, ки моҳ хеле дур рафта, партаваш базўр ба паси хаймаҳо бармехўрд, шинохтани ҳамагон имкон надошт. Искандар ба назар азизтарин касро рўйи даст бардошта меомад ва ба касе нигоҳе намекард. Тойис, ки дами дар буд тааҷҷуб кард ба рафтори шоҳ. Зеро Тойис азиз буд баройи Искандар ва гетери нозанин ўро гуфта ба оворагиҳо омада, вагарна мард ба чунин духтари доро кам набуд. Ларзид Тойис, ғазаб кард. Чун касеро бо ў коре набуд, ҳама нигарони амру фармони шоҳ буданд, аз вазъи гетер огоҳ нагаштанд. Тойис ба Битоломуси пилтан нигарист, ки шояд ў пай барад аз вазъи ў, вале шоҳзодайи мисрӣ низ чун гетер ҳайрон буд.
Чун пардаро бардоштанд ва Искандар шоҳдухтро шод бардошта ба саройи зарнигор даровард, Битоломус баргашта ба Тойис нигарист.
— Ў кист? – бо садойи паст ва ларзон пурсид гетер.
— Духти Доро! – хам шуда сар фарогўши ў оварда оҳиста гуфт шоҳзодайи мисрӣ.
Сахт ларзид Тойис, ки барқ зада бошад ва аз беҳолӣ такя бар Битоломус зад. Шоҳзодайи мисрӣ ўро боздошт, то наафтад. Ва дарёфт, ки тафс баровард.
— Маро бубар, Птолома! – паст гуфт Тойис.
— Куҷо бубарам? – гумонаш, ки назди Искандар бубар гўяд, пурсид.
— Ба хаймайи хеш.
— Ман сандуқ овардаам, Тойис... Вақти нобоб майл кардӣ ба ман.
— Сандуқ низ бо худ бигир... Шоҳ нокасӣ кунад.
— Ҷойи баҳс нест. Сабр бикун, худро ба даст бигир, сандуқ супорам, бубарам туро.
— На, Птолома. Сандуқро ту пайдо кардайӣ, бояд бубарӣ.
Шоҳ Искандар ҳамроҳи духтар бошад, ба сандуқ нигоҳ ҳам накунад. Ҷойи сусти шоҳ аст ва зан тавонад ўро бикушад. Гумонам, аъҷузайи порсӣ ин корро тавонад.
Битоломус дарёфт, ки Тойис аз рашку ғазаб чунин гўяд ва андаке тафсаш ва ғазабаш паст гардад ва шоҳро бинад, фаромўш хоҳад кард. Аз ин рў зуд ба пешниҳоди гетер розӣ нашуд, ки пушаймонӣ суд надорад.

пешина
аз 390
навбатӣ