Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Меҳмонон ё аз завқ ва ё аз тарс садо мебароварданд ва занон канор мекашиданд хешро. Ва миёни онон шоҳ Файлақус даст ба сари синайи хуншор дошта, чу моҳийи бурунуфтода зи об даҳон во мекарду нафас мегирифт ва такя бар сари синайи Искандар дошт. Вале равшан набуд, ки Искандар андўҳ дорад ва ё ғазаб.
Миёни ҳама шодмониву масруриҳо, гоҳи убури дарвоза, сияҳпўше баста сару рўй барқосо омаду дарафтод ба шоҳ ва ўро ханҷар заду оҳанги гурез кард, вале бархўрд ба ҷондорони шоҳ.
Боздоштандаш. Парда аз рўяш кашиданд ва диданд, ки замоне қотил чун онҳо ҷондори шоҳ буд. Ҳимоя мекард шоҳро аз ҳама гуна бало. Ва ҳоло бало гашта худ. Павсанийро оварданд назди шоҳи нимбисмил. Шоҳ базўр ёд овард симойи ўро. Ва хаёле сар ҷунбонд ва ба Аттал нигарист, ки ў ранҷонда буд ин ҷондорро.
Вале чаро қасд аз шоҳ меситонад? Искандар нахост шоҳ падари назъи ҷонро ба замин хобонда, ба қатли кушандайи ў бархезад...
Искандар баъдтар ситонд қасди хешро. Падар рўйи дастони писар ҷон дод ва аз бемадорӣ ва марги нобаҳангом васият ҳам карда натавонист. Аз зери манаҳи писар оҷизу нотавон ва бечора нигоҳ кардани падар дили сангину ранҷидайи Искандарро реш кард... Ба ғазаб омад ва ин ғазаб аз тамоми ғазабҳойи тахминиву хаёлӣ фарқ дошт. Чашмаш медид, дилаш фишор мехўрд ва ақлу ҳушаш хулоса мебаровард. Ва фоҷиайи падар сабаб шуд, ки Искандар ҳар каси шубҳанок, бадхоҳ, ноҷавонмард ва нолойиқро аз миён бардорад... Пасон Искандар қотили падарро талаб кард, то пеши назари мардум ҳукм кунад. Чун ҷондорони бовафо ҳамон лаҳза ҷони ў ситонида буданд, пайдо нагашт ва маълум нашуд, ки сўйиқасдчиён киҳоянд.
Олимпиада шод буд ба марги шоҳ Файлақус, сўгворӣ дошт ба марги марди далер Павсанийи ҳамрой ва ҳампой. Ва аҳд кард дар дили хеш, ки чун корҳо сомон пазирад, обод гардонад мазори Павсанийро. Вале ҳарос дошт аз хашми писараш Искандар. Зеро Олимпиада аз андўҳу ташвиш ва сўхтанҳойи писараш дарёфт, ки чӣ андоза Искандар дўст дорад падарашро. Шоҳзода гоҳи аламу андўҳ ва гармийи фоҷиа хашм гирифта буд ба модар. Ва чунин ҳолат ба ташвиш оварда буд маликаро. Вале чун ҳама чиз паси сар шуд ва Искандар низ донист, ки ин достонҳо баройи хушбахтийи ў будааст, оташи хашмаш фурў нишаст ва Олимпиада каме осуда гашт...
Искандар андар кўшки шоҳӣ танҳо буд ва ҳама ҳодисаву рафторҳоро пеши назар меовард ва хулоса мекард, ки кадоме аз онҳо ба муроди ў буда. Гуфтори Атталро андар шаби арўсийи падараш ва Клеопатри шонздаҳсола ёд овард: «Ай Зевс! Ба шоҳи Мақдуниё фарзандони ҳалолу қонунӣ ато бикун!» ва шамшер кашидани падар ба ў пеши назараш омад ва дарёфт, ки чӣ бузург аст модари ў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё