Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зери лаб гуфт ба худ: «Ин модашери хашмиро ба ҳеҷ ваҷҳ боздошта натавон...»
Клеопатри барно – зани қонунийи шоҳ Файлақус андар қасри мўҳташами шаҳри Пелла сўгворӣ дошт ба марги шавҳар.
Ва духтарчайи ширинаш Европаро, ки ба номи олиҳайи ҳусн
– зани дуздидайи Зевси барроқ ном ниҳода буд, дилдорӣ мекард:
«Осуда бихусб, Европайи ман. Мову ту қудрати нигаҳ доштани давлату ҳокимиятро надорем... Тағоят Аттал сомон мекунад давлату кишварро. Бихусб... Шоҳ туро ба умед номи олиҳа Европаро дод, то хушбахт бошӣ. Худованд Зевс бидуздад туро, то писарони қаҳрамон ба дунё оянд аз шумо... Вале чӣ қисмат, ки чизеро надида, чизеро нашунида ва надониста, ятим мондӣ аз падар...»
Духтарча бихандиду дасту по зад ва нахусбид дигар. Клеопатр ангушт ба рухсори хурдаки ў ниҳод ва гуфт: «Ғаразат ин ки афсонайи Европаро гўям? Хуб!... Шоҳи шаҳри Сидонро Агенор ном буд. Се писар дошт ва як духтар, ки дар зебойӣ назире надошт. Ин духтари зеборо Европа ном буд. Духтар шабе хоб дид, ки ду зан баройи рабудани ў ҷадал доранд. Яке рабуд ўро... Европа бедор шуд. Дилаш бозӣ дошт. Хоб бо падар гуфт. Зодагон эҳтиёт карданд ўро. Рўзе духтар либосҳойи зарбафту забарҷад ба тан гирифт ва ҳамроҳи дугонаҳояш ба сайри марғзор бирафт. Духтарон гулҳойи ранга мечиданд. Европа танҳо садбарги гулобӣ мечиду ба сабади заррини хеш меандохт. Худойи тавонову барроқ Зевс чун бидид Европайи нозанинро, шайдо шуд. Дилаш рафт, то ўро бирабояд.
Баройи он ки духтар натарсад, Зевс ба шакли гов даромад. Гов заррин буд. Ҷило медод. Ва дар пешониаш нуре фурўзон буд. Шохони заррини гов моҳи навро мемонд. Ба марғзор фурўд омад гови тиллойӣ ва сабук гом зад то назди духтарон. Онҳо наҳаросиданд аз гови заррин. Гирд гирифтанд онро. Навохтанд бо дастҳо. Гов наздик шуд ба Европа ва дасти ўро билесид. Европа низ мўйҳойи заррини говро бо дастони нозуки хеш навохт. Гарданашро оғўш кард ва бибўсид. Гов пойҳояшро шикаста, хам зад, то духтар ба пушташ ояд. Европа шод гашту бинишаст бар пушти фарохи гов.
Духтарони дигар низ хостанд савор шаванд, гов биҷасту бихест ва тохт сўйи баҳр. Европа фарёд заду даст сўйи духтарон ёзид, вале дугонаҳо нарасиданд ба ў.
Дари хонайи шоҳдухтар боз шуд. Олимпиада даромад ба сурати ҷин. Клеопатр нашинохт ўро. Тарсид. Ҳоло ки аз қайди афсона раҳо нагашта буд, пиндошт, ки ҷин даромад ва фарёд зад: «Ааа!!!»
Духтарчайи хурди ў як қад парид, вале чизеро сарфаҳм нарафт.
Клеопатр фарёд заданӣ шуд, ин бор садояш набаромад, чунон ки дар хоб нафаси гург ба димоғи кас зада дамаш набарояд.
Олимпиада чунон гом мезад, ки гурба сўйи муш. Вале Клеопатр муши афсуншударо мемонд. Духтарча дасту пой зад ва бигирист.
Модар бардошт ўро ва пахш кард ба сари сина, то ҷин натавонад рабудан...

пешина
аз 390
навбатӣ