Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

«Чаро гуфтам ин афсонаро?» Оҳиста хонд ба гўши Европа. Ў дарк намекард чизеро.
Сияҳпўш буд Олимпиада чу ҷин. Остинҳойи дароз дошт, то натобад ангуштони одамиаш ва нохунҳойи дарозаш. Домони кашол дошт, то нанамояд пояш. Бепарво меомад назди палонҷи хеш. Чу Азроъил рост истод ва даст ёзид сўйи Европа. Клеопатр пахш кард духтарро ба сари сина ва надод ба ҷин. Қаҳқос зад ҷин ва даст ба духтар бурд, то зўран бирабояд. Модар хашм гирифт.
Духтарро оҳиста ба замин ниҳод ва қомат барафрошт, то бо ҷин дастогиребон шавад. Ҷин бо чолокӣ тела дод Клеопатрро. Клеопатр калавида пас рафт ва то бозомад, ки ҷин хам шуда тифли парпеч бардошт аз замин. Модар чу мурғи ғазаб дарафтод ба ҷин, то бирабояд аз чанги аҷал духтарро. Ҷин тани духтар ба дасти модар дод ва аз гулўйи ў чанг зад. Гулўву гардан ва ҷони Европа дар қабзайи аҷал буд. Клеопатр ҳам хўрду нишаст, то раҳо гардад духтараш аз банди аҷал. Вале гулўву гардани Европайи хурдакак дар қабзайи ҷин базўр нафас мегирифт. Тани ў рўйи зонувони модар ёзида буд ва рўҳи ў қабз карда аҷал. Ҷин раҳойид гардану гулўйи хурдакаки Европаро аз чанголи гарони хеш ва оҳанги ҷони модар кард.
Ханҷар аз наём кашид ва ба дасти Клеопатр бидод: «Ба худ бизан!» Ларзид Клеопатр ва тифли беҷонаш аз сари зону ба замин афтод. Фарёд баровард модар, аммо ба додаш касе нарасид.
Модар баройи ҷони хеш фарёд назада, балки баройи мурдайи хору зори духтараки рўз надидааш садо дардод. Ҳайҳот, ки дар боргоҳ додрасе пайдо нест. Қасри шоҳон аст ин ҷо. Ва ҳеҷ гоҳ шоҳе ба имдоди касе нарасад. Клеопатр, ки дар рўҳи афсонаҳойи асотирӣ тарбия ёфта буд, бовар кард ба нобаҳангом ҳозир шудани ҷин. Ва илоҷи раҳойӣ намедонист. Ба худоён рў овард: «Ай Зевси накўкор...» Бал сухан дар забонаш монд. Ханҷар бозӣ кард андар қабзайи ў ва гўё ҷон гирифта ҳамлавар шуд сўйи ҷин. Ҷин, ки омодайи ҳама гуна ҳаракати малика буд, пойи ў пахш кард ва Клеопатр бо даҳон хўрд ба замин. Ханҷар парид аз дасташ ва рўйи фарш лағзид. Ҷин аз мўйи ҷаъди ў бардошт, рўяш ба рўйи худ гардонд, афшонд... Расан баровард аз паси гардани хеш ва бар марҷони як вақтҳо гардани малика Олимпиадаро зеб бахшида барбаст. Кашид сўйи рахти хоби шоҳзан, ки замоне рахти хоби Олимпиада буд. Расан гузаронд бар пояйи баланди тахти хоб. «Накун...» ишора мекард Клеопатр, валек ҷин намефаҳмид.
«Накун...» ба такрор ишора мекард Клеопатр. Ҷини бефаҳм кори худро мекард. Устокорона, аз роҳу ройи хеш нагашта ва ба ҳарфе, ишорае гўш надода, рафтор мекард.
«Вазн андоз!» баъди ба пояйи рахти хоб бастани каманд фармуд ҷин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё