Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Низомиёна пўшид: ҳафтону зиреҳ кард ба бар, кулаҳхўд ниҳод ба сар, даҳону бинӣ бо матоъи сиёҳ бубаст, сарбоз шуд ва сипару шамшер гирифту аз нав бар асб нишаст. Ҳама ёрон ва ҷондорон чунон карданд, ки ў... Ва рў оварданд ба дижи шоҳӣ, ки ханўз маҷлис ба хулосае наомада буд.
Чанде баъд андаруни қаср ғалмағал шуд, ки фавҷе иҳота карда ҳисорро. Сарони ҳарб, ки ҳама андаруни қасри шоҳӣ буданд, касе сипоҳи атрофи дижро фармони пархош надод, ҳатто шайпури ҷанг навохта нашуд. Сипоҳи гирди диж ва пардадорони даргоҳи шоҳӣ дирафши зарди Мақдуниёро дида, дарёфтанд, ки фавҷи мусаллаҳи бо матоъи сиёҳ бинниву даҳон баста бегона наянд, балки худиҳоянд. Искандар Бусефалро низ бо зиреҳу баргустувон пўшида буд, то нашиносандаш. Вале Бусефали пилтанро аз дигар асбон зуд фарқ кардан имкон дошт.
— Ба диждорон бигўед сар фароранд, итоат кунанд, – овози хеш дигар карда фармуд ва афзуд: – Аз ҷангу муқобалат мурод ҳосил нахохад шуд!
Пардадори мусаллаҳ шамшеру ханҷари хеш ба эшон супурд ва дару даромадгоҳро бесоҳиб гузошта, сўйи толор тохт, ки он ҷо маҷлиси сарону машварати бузургон гузаштанашро медонистанд.
Сарбозони назди даромадгоҳ ва атрофи диж, ки баройи дифоъу муқобалат аз касе фармон нагирифта буданд, чу паррандагони сармохўрда гардан миёни шонаҳо кашида, тарсу ба фавҷи саворони мусаллаҳу дирафшдори дами боргоҳ менигаристанд. Онон яқин карда буданд, ки ҳамин замон аз дохили диж сипаҳдорон теғу шамшер кашида бар зидди сипоҳи ношиноси тохтоварда мебароянд ва баробари амри сипаҳсолор онҳо низ ҳамлавар мегарданд ва андар убургоҳи ҳисори шоҳӣ аз даруну бурун зада, сипоҳро нобуд месозанд ва дар чунин набард шоҳ сари тахту қудрат меояд. Валек нияти онон мустаҷоб нагардид... Балки намояндагон ҳамроҳи пардадор бесилоҳ бозомаданд ва таъзим фармуданд:
— Қасри шоҳӣ ва шоҳзодагон ва шаҳбону Олимпиада омодаанд ба хидмати шоҳи ҷавон Искандар пури Файлақус!
Искандар аз гуфтори сипаҳсолор Антипатр табассум кард ва пурсид:
— Ай сипаҳсолори бовафо, чун донистӣ, ки фавҷи савор аз они Искандар аст, на каси дигар?
— Чун шоҳзода баситез бадар рафт аз толор, сарони маҷлис тахмину яқин карданд, ки оқибати нек надорад ин кор. Искандари шўрида касеро амону ором нахоҳад гузошт.
— Пас чаро омодагӣ надоранд ба ҷанги шоҳзода?
— Онҳо сари ҷанг надоранд... ва агар доштанд, шоҳзода фурсат надод, то маҷлисро хулоса кунанд ва эълом фармоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё