Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Ҳоло чӣ хулоса доранд? – гўйӣ аз шўру ғазаб фаромада ҳолу ҳолатро донистанӣ буд Искандар.
— Қарор карданд, Искандар валиаҳди шоҳ бошад.
Искандар чунин қарордодро як навъ тамасхур дониста, бо мулоҳиза сар андохт ва кори эшонро хуш накард. Ва Биталомуси мисрӣ ҳақиқати ҳол донистанӣ шуда фармуд:
— Агар ҳақ аст, бигўед, то қарор бихонанд!...
Антипатр сар андохту сўйи толор шуд. Ва пардадор ташвиш дошт, то чӣ кор кунад? Аз пайи сипаҳсолор равад ва дерёз чашмаки ман – чашмаки ту ба шоҳзода нигарон истад, то чӣ фармон ояд аз ў.
Искандар андар дарвозайи диж дер истодани хешро таҳқир дониста, ба пардадор фармуд, то боз кунад боби дижро.
— Раво набошад, шоҳзода. – ба садойи зорӣ гуфт ҳоҷиб.
— Баройи ту дар кушодан хубтар аст ё сар бохтан? – пурсид Биталомуси мисрӣ.
— Амри шоҳ воҷиб бувад. Дар хидмат сар равад хубтар аст аз он ки сирр.
Аз содагиву вафодорийи пардадор табассум кард Искандар ва фармуд:
— Алҳол сирру сар як баҳо дорад. Боз бикун дарвозаро! – амр кард шоҳзода ва шамшер бардошт, то занҷири дар пора кунад.
— Рой турост, шоҳзода, вале ман боз нахоҳам кард!
Искандар ишора кард ба Биталомус. Ў пиёда шуд ва аз даричайи убургоҳ дохили ҳавлӣ гашт ва шамшер охта аз наём пардадорро таҳдид кард, то кушояд дарвозаро.
— Худатон боз кунед, шоҳзода, зеро дар қонуни шоҳӣ ва дарбонӣ чунон нест, ки пардадор дар ба рўйи тохт овардагон кушояд,
– пас-пас рафта гуфт ҳоҷиб.
Ҳарчанд чунин гуфтори ў ба Биталомус хуш наомад, Искандар пазируфт рафторашро. Ва нигарон буду табассум дошт, ки шоҳзодайи мисрӣ шамшер бар ў кашад, амраш кунад, то даст боздорад.
— Боз бикун, гуноҳат бахшида шавад! – амр кард Искандар ва пардадори пир, ки дар аҳди Пердикка ва Файлақуси II низ чунин вазифаро адо мекард ва баройи хушкор буданаш то ҳол пушти ин дар аст, фармуд:
— Ман савганд ёд кардаам, сипаҳсолор... то фармони шоҳ ё сипаҳдор набошад, дар во накунам...
Ва шоҳзодайи мисрӣ дар накушода, аз ҷониби кўшк сипаҳсолору сипаҳбадон омаданд. Миёни эшон саркотиби дафтардорийи шоҳӣ Эвмен лўлакоғазе дар даст дошт.
Чун дарбориён бозомаданд, Биталомус аз дарича баромада, бар асби хеш нишаст. Бо амри Антипатр пардадор боз кард дарвозаро ва ҷониби шоҳзода Искандар сар афканд. Искандар миёни эшон писарони князи линкестидиро меҷуст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё