Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Ў низ...
— На, на! Сабур бош, шоҳи ҷавонбахт. Гўш ба сухан бидеҳ, ки беҳтарин хислати шоҳон бошад. Андарзи ҳакимони юнонӣ чунин аст: қабл аз он ки ҳукм барорӣ, ба масъала сарфаҳм бояд биравӣ, баройи ба масъала сарфаҳм рафтан гўши суханшунав бояд дошта бошӣ...
— Зуд бифармо, сипаҳсолор!
— Хўш, ту ин ҳарфҳоро хуб донӣ, андарз зиёда бувад... Файлотусро ман фиристодам ба дунболи эшон, то туро осебе нарасонанд. Аз оҳанги баромаданашон пайдо буд, ки бар асари ту рафтанд...
— На, сипаҳсолор. Онҳо дилу гурдайи бар асари ман рафтан надоранд... Онон ҷонашонро халос карданд, раҳиданд аз дасти дев. Лекин дур нахоҳанд рафт.
— Ҳақ бо туст. Файлотус бозгардад, бозгў кунад ҳамаро, бубинем раммол кист?
Ҳанўз сўҳбати эшон катъ нагашта ва пардадор дарвозаро набаста, асби Файлотус чаҳорнаъл омад, қарор гирифт пеши фараси Искандар. Файлотус аз қиёфайи Искандар ва рўсурхийи Антипатр дарёфт, ки шоҳзодаро шоҳ хондаанд. Аз рўйи таомули саворони мақдунӣ шоҳи ҷавонро табрик кард: Файлотус шодон сипари хеш ёзид, Искандар низ ончунон кард ва сипарҳо ба як зарбу маром бархўрданд ва садойи хуш бароварданд. Лаҳзае садойи сипар ба гўши шоҳи ҷавон акс дод, ҳини набарду бархўрдҳо ва машқ чунин садоро нашунида буд.
— Шод бош, шоҳи Мақдуниё! – изҳор кард Файлотус ва шоҳи ҷавон ба ҷавоб сари таъзим афканд.
Антипатр баройи он ки суханаш дар замин намонад ва назди ҷавоншоҳ дурўғгўй набошад, сўйи Файлотуси савори асби баланд гардан ёзида, пурсид:
— Дарёфтӣ эшонро?
— Ҳо, рост фирор карданд сўйи вилоят. Қасду қасос ҳам надоштанд.
Искандар хандид. Антипатр сўйи шоҳи ҷавонбахт даст боло кард ва гуфт:.
— Раммол шоҳи ҷавонбахт аст ва Зевси раббулнавъ мададгор бошад, ўро осебе нарасад.
— Ташаккур, сипаҳсолор! Падарам номи туро Вафодор гуфта буд, ман тасдиқ мекунам.
— Миннатдорам!
Искандар зер шуд аз пушти зин, Файлотус низ. Сайисон инони асбон гирифтанд. Искандар ҳанўз ҳам ҳарбипўш буд. Латтайи сиёҳ аз рўйи биниву даҳонаш фаромада, зери манаҳ кашол буд. Шоҳи ҷавон медонист сару либоси хешро, вале бадал намекард, зеро хуш карда буд ва завқ мебурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё