Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Саховатпеша даст сўйи тарабхона ишора кард баройи шодмонӣ. Ва худ ворид гашт ба кўшк.
Шаҳбону аз тирезайи кўшк ҳама рафтор медид, гуфтор мешунид ва хушнуд буд аз шодкомийи писараш. Дастон ба канор кушода ҳавойи зиёд фурў мекашиду Зевсро шукр мегузорид, ки собит гардонид писари худ будани Искандарро. Доманкашону навон биомад пушти дар, то баробари аз дар ворид шудани шоҳи ҷавонбахт ба гардани ў овезад ва бўсабаронаш кунад. Гашт аз ройи хеш. Дар хонайи фароғат бинишаст. Нағунҷид. Аз ҳаяҷону шодийи зиёд нағунҷид. Тозон бирафт домони кашоли хешро ғундошта ба девони шоҳӣ ва биншаст бар тахти мурассаъ. Дастон ба муттакойи он ёзида, рўй ба дари даромад дошт, то писари комронаш дар ҳама хонаҳо ўро ҷуста, пайдо накунад, ин ҷо хоҳад омад ва модари аврангзебро бар маснади шоҳӣ дида, шоду масрур гардад ва рухсати даромад пурсад ба назди малика... вале он тарафи амалиётро дар мағзу дили хеш таҳлил накарда, садойи пойгузорӣ омад, қарор гирифт, боз омад... ва дари хобгоҳи модар сахт кушодаву пўшида гашт, дарҳойи дигар низ. Пасон шарфайи пой омад, ки метохт аз як дар ба дари дигар шитобзада. Ба дари девон наздик омад садойи пой ва нафаси ҳишшагирифтайи каси серҳаракату сўхтаҷигар болотар буд аз садойи пояш...
Боз шуд дар. Искандар дами дар сурат гашт. Шаҳбону, ки баройи имтиҳон нишаста буд, ба назари писар сурат тофт. Ҳар ду сурат буданд: модар андар маснад ва писар андар дами дар.
Ва дертар Искандар чу каси яхбаста об кушод ва аввалин андешае, ки аз дил гузаронд чунин буд: «Модари ман соҳиб шуда тахту тоҷро... Ҳама муборизаҳояш баройи ҳамин буда...» Ранги рўяш дигаргун шуд ва зуд кина гирифт, ки душмани пурзўре пайдо гашта. Рашк бурд, ки малика зебандатар аст тахтро аз ҳар гуна шоҳ. Ва модари тавоно ва диловари ў тавонад хубтар аз мардон идора кунад мулкро. Дар они воҳид андешаҳойи мағшуше аз сару дили ў гузаштанд ва ба хулосае омад, ки шоҳзан беҳуда шавҳарашро нобуд насохта...
Ва аммо дар сари модар андешаҳойи дигар. Лекин ваҷоҳату авзоъ ва ҳайкал гаштани писар ўро ба ташвиш овард. Сар афшонд ва табассум кард. Чунин рафтори модар Искандарро ба худ овард. Вале ҳанўз ҳам аз қайди рашку ҳасад раҳо нагашта буд ва модарро малика ҳисобид: «Иҷозат ҳаст?» гўё илоҷе пайдо накарда пурсид.
— Бифармоед, шоҳам!
Карахтийи писарро дида бархост модар, ҷой холӣ кард баройи ў ва хандон омада аз рухсораҳойи шоҳи ҷавон бўсид; то аз хиҷолат барояд, бо ишорайи даст тахтро намуда, гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё