Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Шаҳбону он гоҳ аз давра бурун рафта буд ва Файлақус бо гўшайи чашм гуселаш мекард...
Ҳолиё он ҷавони рўйинтан Павсаний намерасад ба маликайи бева, то ҷавонийи Искандарро истифода карда, паҳлўйи бону бар тахт нишаста давлат биронад. Шаҳбону медонад, ки кам нестанд ҷавонон ва афсарони ҳарбӣ, шефтаву шайдойи ҳусну ҷамоли беназири ўянд, вале пиндорад, ки яке баробар наояд ба Павсаний.
Чун даргузашта Павсаний Олимпиада зери чашм карда ҳамайи онҳоеро, ки ҳузур доранд дар қасри шоҳӣ...
Ба сурати ойина менигараду дар паҳлўяш мардони боҳуснро ҷой медиҳад хаёлан ва дармеёбад, ки бархе чӣ мунофиқу дурўяанд, баъзе занмиҷоз... Дур мекунад аз зери назар ва хубтарашро ҷўё мегардад. Олимпиадайи сиву ҳафтсола даст мебарад ба сақфи синайи зебояш ва андар ойина мебинад, ки чун мелағзад ангуштонаш ба сарсинайи испед, ки монад сари синайи кабки дариро: бардамида, дилкаш, шаҳватангез... Малика ошиқ шуд мардвор ба сари синайи симину равғанину махмалини хеш ва лабханду нозу адо кард, ки чаро ҷавонон, низомиёни дарборӣ, ҷавонмардони муҷарради чокару хидматгузор, сипаҳсолорони ботаҷрибаву рўзгордида, сипаҳбадони ломакону сипоҳиёни мамлук ошиқу шефтайи чунин пайкарайи нафису мавзуни худодод нагарданд...
— Шаҳбону шом намехўранд?
Аз дар омад Ланика ва нобаҳангом омадани ў ба шаҳбону нафорид. Шаҳбону ҳанўз аз тамошойи сарсинайи мурғонайи хеш сер нагашта буд ва ҳолиё муайян накарда, ки арзандаву зебандайи ин парастусарсина кист.
— Магар ғизойи ин шом махсус аст, Ланика?
— Оре, шаҳбону... Гўшти ғизол, майи юнонӣ, бўсайи порсӣ.
— Яъне?
— Ба худойи Раббулнавъ Зевс саҷда меорам, то шоҳи Порс Дориюшро ҳамнишини шаҳбонуйи мо гардонад.
— Дур рафтӣ, Ланика.
— Дурашро орзу мекунанд... Наздикон ҳама зери назари шаҳбонуанд.
— Як ришта коҳинӣ низ дорӣ, Ланика?
— Меросист, шаҳбону... Ба шумо гуфта будам, ки Искандари мо олимақом хоҳад гашт... рост баромад. Магар ҳанўз шубҳа доред ба ҳарфи ман?
— Шубҳа надорам. Ман ба фол бовар мекунам. Пеш аз он ки ба коре даст занам, фол нишон медиҳам. Вале надонистам, об дар кўзаву мо ташналабон мегардем. Бигўй, ки шоҳи Порс майли мо дорад?
— Оре, майл дорад, вале шоҳи ҷавон ба ў халал мерасонад.
— Чун?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё