Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Шоҳи ҷавон нақшаҳойи падари хешро амалӣ хоҳад кард.
Нафорид чунин пешгўйӣ ба шаҳбону. Ў бо Искандар гуфтугўй карданӣ буд, то аз нақшайи падар сарфи назар кунад, мамлакатро ободон гардонад. Меҳри шоҳи Порс дар дили малика ҷой шуд. Ў ба доя Ланика чунин ваъда дод:
— Худам бо Искандар гуфтугў хоҳам кард.
Искандар аллакай сархуш буд андар хонайи тараб. Он қадаре ки ҳарфҳойи баланду бебаркаши дўстон сархушаш гардонд, майи юнонӣ ба он дараҷа нагирифта буд. Кулаҳхўд аз сар гирифта, ҳанўз хафтону ҷавшан дар бар дошт ва камарбанду камарханҷар низ, ки дар тарабхона пархош мекарда бошад. Протей писари Ланика паҳлўйи ў буд ва Искандар медонист, ки ягона касест, ки баробари ў шароб хўрда, хешро сари пой дошта метавонад.
Дигарон мекалавиданд. Касе зўри сухан гуфтан ва ё ҳуш дар сар надошт. Канда-канда «шод бошу поянда бод!» мегуфтанд, ки ё ҳарфи аввал бурро ба гўш мерасид ва ё ҳарфи охир. Искандар чашм танг кард рўбоҳона, ки миёни дўстон низ душмане ҳаст.
Ва ниммасту нимҳушёр ба сараш зад, ки ҳолиё вақти кинаву қасду қасос набувад. Ҳамаро бо як чашм бояд дид. Вақти талошу мансабхоҳӣ хоҳ-нохоҳ худро вонамуд мекунанд. Ҳамайи ёрони кўдакиву шарикдарсони шоҳи ҷавон он ҷо ҳозир буданд. Ҳатто Антипатри баҳушу Файлотусу Клиту Димятриус. Табиби хоназодийи беозор аз ҳар ғизо чошнӣ карда, таъми шароби ҳар кўзаву миноро чашида, кайҳо ба «ҳақ» расида ва дар гўшайи тарабхона ғарибона сар бар китф андохта буд ва парвое надошт, ки бо шоҳи ҷавонбахт чӣ рух медиҳад. Ҷондорони шоҳи тозабахт худро ба мастӣ зананд ҳам, ҳушёр буданд ва рафтори ҳар касро зери назар доштанд, то миёни ҳозирин ҷосус кист.
— Файла!
Файлотусро чунин садо кард нозаш ғунҷида Искандар, ки гоҳи маҷлиси сарони ҳарбия ва акобиру аъён андар интихоби шоҳ суханони Антипатрро ҷонибдорӣ карда буд. Аз ин рў чунин нозғунҷона писари Пармониёни сипаҳсолорро садо кард, то донад, ки шоҳзодайи ҷавон ўро аз беҳтарин муҳиббон мешуморад.
— Бифармо, шоҳи ҷавонбахт!
Искандар даст бар китфи Файлотус ниҳод, вале дергоҳ чизе нагуфт. Файлотус яқин кард, ки шоҳи ҷавон сипосгузорӣ мекунад аз рафтори ў дар маҷлис. Вале Искандар чизи дигар гуфт:
— Ҷулусу тоҷгузорӣ набояд ғайри иштироки сипаҳсолори диловар – падари ту – Пармониён гузарад.
Файлотус хомўш буд, то ў боз чӣ гўяд. Вале ў вазн бар Файлотус андохта, гўшбақимор нигарони ҳарфи ў буд. Файлотус посух надод, балки дар мағзу дили хеш таҳлил мекард, ки Искандар ҳама хубиҳойи оламро фаромўш карда, дилбаставу побастайи шоҳ шудааст ва андеша мекунад, ки аввал тахту тоҷ, сипас кору амал...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё