Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Искандар аз ошёнайи дуввуми кўшк пардайи тирезаро бардошта, ўро дид ва худро пас кашид, ки Александри Линкестидӣ чаро омада ба даргоҳи ў. Ҳокимзода дўш дар маҷлиси сарони ҳарбу ашрофу акобир ба унвони ў носазо гуфт, имрўз ба дари боргоҳ омада. Шоҳи ҷавон шоҳзодайи мисрӣ Биталомусро пеш хонд ва фармуд, то рафта ўро рухсати даромадан гўяд ва бозорад.
Биталомус назди дарвоза рафта ба пардадор фармуд, то меҳмонро иҷозат дихад ба даромадан. Пардадори пурдида тану либоси меҳмонро аз назар гузаронида, шамшеру ханҷарашро гирифт ва даст-даст карда ҳама ҷояшро озмуд, то олоте, аслиҳае нагузаронад бо худ. Искандар аз паси парда ҳамаро дида, завқ мебурд ба рафтори ҳоҷиб. Ва баройи он ки Биталомус меҳмонро ба кўшк надарорад, Искандар ба пешвози эшон дами дар рафт ва зинаҳоро зер шуд, то пазиройӣ дар ошхонайи салтанатӣ сурат гирад. Зеро шоҳзода маросими тахтнишиниро нагузаронида буд ва дар толори пазиро дидани Александри линкестидиро раво намедонист.
Меҳмон баробари дидани Искандар осемасар шуд ва таҳлукайи хешро рўпўш кардан хоста, худро пеши пойи шоҳи ҷавон андохт.
Искандар чизе нагуфт, ҳаракате накард, то ў боз чӣ нағмаҳое нишон диҳад. Чун меҳмон дид, ки аз ҷониби шоҳ илтифоте нашуд, сар бардошт, чорпо сўйи Искандар нигарист ва садо дардод:
— Ай шоҳи ҷавонбахт! Гуноҳи муттаҳамонро бубахш! Нораво гуфтам дар ҳаққи ту. Тахту тоҷ зебанда турост!
— Чӣ музахрафоте гўйӣ! Дўш Аминтаро ба шоҳӣ мехондӣ, имрўз маро зебанда медонӣ?
Александр ба по шуд. Ва гўё ҳасрат мекарда бошад, фармуд:
— Ай шоҳи зебанда! Фирефтанд маро! Медонӣ, ки ман аз тухмайи ҳокимонам ва сару савдое надорам ба шоҳӣ...
— Кӣ фирефта туро?
— Аминта!
— Чӣ ваъдаат кард Аминта?
— Нисфи хазинайи шоҳиро...
Баланд хандид Искандар. Дерёз даҳон кушода хандид беҳушона ва якбора боздошта хандаро, чашм танг кард, пасон дандон гиз намуда, назарфиреб дандони раддайи зер бар раддайи дандони боло дошта, чунон ки сахту ҳақорат бошад, гардан ёзиду гуфт:
— Ман ҳамайи хазинаро бахшидам.
Ҳайрон монд Александр ва худро андаке пас кашид, ки масхара дорад шоҳ.
— Ҳайрон мабош, – идома дод Искандар. – Дар хазина ҷуз бўйи муш чизе намонда. Ба Аминтаат бигўй, ки аз падараш Пердиккайи III зарру зеваре намонда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё