Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Чун дарозо хомўш мондани Файлотусро Искандари маст пай бурд, худ ба сухан даромад:
— Ман... танҳо имрўз дарёфтам, ки зарби шамшер дар тезийи ўст ва қиммати шамшер аз шамшерзан аст. Бо маҷлис, қарор, ҳарфи зиёд... ва... ва даҳанҷанг масъалаеро ҳал кардан имкон надорад...
Файлотус ҳанўз ҳам вазни ўро мебардошт ва миёни сухани ўро намешикаст, то чӣ ояд аз шоҳи ҷавон. Искандар то сиёҳмастийи сиёҳ нарасида буд, вале худро масти маст вонамуда, афзуд:
— Ту қадри падаратро намедонӣ... Пармониён – бузургтарин шамшерзани Мақдуниё. Пармониён – алломайи илми ҳарб... Ту чаро бо ў ҳамроҳӣ намекунӣ, то дарси ҳарб омўзӣ?
— Ў мегўяд, ки баройи ҳарбу зарб тайёр нестам...
— Ҳмм... Ба чанд даромадӣ?
— Ба сол аз ту бузургам...
— Ба ақл чӣ?
— Худо донад.
— Дар ин синн ман ба шоҳӣ расидам... Ту наметавонӣ, сипаҳсолор бошӣ?
— Метавонам... Вале ҳоло сипаҳсолорӣ ҳаққи падарам аст.
— Падаратро бозхон аз Осиёйи Сағир!
— Хоҳаршўям Атталро низ бихонам?
— На, Пармониёнро бихон!
Файлотус қасди ўро дарнаёфт. Андеша кард, ки дар ҳушёриаш пурсад аз шоҳ.
... Ва фардо, гоҳе ки Искандар Файлотусро рў ба рў дид, пурсид:
— Фиристода рафт баройи падар?
— На!
— Таъхир макун! Ҷулуси ман бе иштироки сипаҳсолори диловар набояд гузарад!
Ва Файлотус дарёфт, ки меҳрубонӣ дорад шоҳи ҷавон, на қасде.
Пардадор – ҳоҷиби куҳансол ёвари хеш – ҳоҷиби якчашмаро ба дари сарой гузошта, таъкид кард, ки касе то омадани ў ба диж ворид нагардад ва худ назди Искандар омад, то аз баъзе хабарҳо ва кирдорҳо огоҳаш кунад. Баъди салому одоби боргоҳ ба шоҳи ҷавон фармуд, ки аз вилояти Линкестида меҳмоне омада ва худро бо шумо ҳамном мегўяд ва рухсати даромадани наздатонро мехоҳад. Искандар гўш доду андеша кард ва баъд пардадорро фармуд:
— Бирав, рў ба рўяш биисту ҳарф бигўй... Ман аз пас кас фиристам, то дарояд ё на.
Пардадори ба Искандар хушоянд, ки гоҳи дар сафар будани Файлақус шоҳзодаро дида, рўйи хуш медод ва дасташро гирифта навозишкорона меафшонду хушгўйӣ мекард, ҳама вақт зери назари шоҳзода буд, ба вижа он рўз, ки сўҳбаташро бо ноошное дида буд, эътимодаш бар ў афзуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё