Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Антипатри сипаҳсолор қомати шербаси хешро бардошта ба сухан пардохт:
— Дўстон! Имрўз беҳтарин рўз аст дар таърихи Мақдуниё.
Мамлакате надида чунин шоҳро; шоҳи ҷавонбахти аврангзеб, писари раббулнавъ Зевсро. Искандари Сонӣ пури шоҳ Файлақуси II бар тахт нишаст. Ҳама шоҳиди ҷулуси ў гардиданд. Муборак бошад! Вале арз кунам, ки баройи боақлу хушзеҳну донову тавоно гаштани Искандар устодон ва мураббиёни зиёд хидмати бедареғ карданд. Ба ҳамайи онон низ чунин рўз хуҷаста бод! Порсиён гўянд: «Бе пир марав дар амонӣ...» Сухан баройи табрик ба чунин пири хирад ва ботадбир Арастуйи Кабир, ки баройи ба воя расидани Искандар саҳми зиёде дорад!
Арастуйи миёнақади лоғарандом бархост ва Искандар пай бурд, ки гуноҳи азим карда. Зеро устодаш аз канор нишаста ва чаро ў то ин вақт пай набурда ин чизро ва гирифтори тоҷирдухтар гашта? Шоҳи ҷавон ба худ омада сўйи Антипатри баҳушу мавридшинос нигарист ва миннатдорӣ кард ба ишорайи чашму сар ба фаросати ў ва боз дида ба устоди хурди гаронвазн, ки зарри холисро монад, бархўрд ва ифтихор кард, ки чунин кас таълим дода ўро. Ва баробари даҳон ба сухан кушодани устод беихтиёр баланд шуд.
— Ҷанобон, хонумҳо, дўстон! Ман орзу доштам, то Искандар давомдиҳандайи мактаби фалсафийи Фалотун ё устоди дигаре гардад... Бисёр мехостам ин чизро... Зеро Искандар аз беҳтарин шогирдони болаёқат ба назар расида... Вале ў роҳи хешро интихоб кард ва бо роҳи падар рафт... Кори ўро идома дод... Кори падарро идома додани писар зеб дорад... Аммо ақлу фаросати Искандар баройи дигар чиз буд... Баройи идома додани мактабҳойи фалсафӣ... Кист, ки дар зиндагӣ орзуйи шоҳӣ накунад? Муборак бошад тахту тоҷу салтанат!
«— Баройи Арастуйи Бузург!».
Садо омад. Ҳама ба по шуданд. Искандар, ки аз аввал сари по буд, тақвият дод ин садоро:
— Баройи Арастуйи Бузург, ки тамоми Мақдуниёву Юнон ифтихор дорад бо ў!...
Искандар ҷоми заррини шоҳӣ бардошта омад назди устод.
Қадаҳ бар қадаҳи ў зад ва баъд чанд қатра май рехт ба замин ва нигарон шуд, то Арасту нўши ҷон кунад. Арасту низ ҷуръае ба замин рехт ва боифтихор сўйи шогирд паймона баланд кард ва ба ҳалқум рехт. Искандар низ ҷом холӣ карда, таъзим овард ба устод, равон шуд сўйи тахт...
— Ба ифтихори Арастуйи бузург бинавозед! Сароед! – хоҳиш кард Искандар, ки беҳтар аз ин тўҳфае набуд баройи устод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё