Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«— Чаро ўро ба паҳлўйи худ нахондӣ? – гоҳи нишастани Искандар маслиҳат дод Олимпиада ва шоҳи ҷавон хеле ба андеша рафту фармуд:
«— Аз аввал ин корро кардан лозим буд. Ҳолиё пеш хонем, узре бадтар аз гуноҳ хоҳад шуд».
Машшоқон, ҳунармандон, ширинкорон ва гетерҳойи дарборӣ пардохтанд ба ҳунар. Чунон ки дуди тарабхонаро бароварданд.
Машшоқон менавохтанд, гетерҳойи соҳибҷамол ҳунарнамойӣ мекарданд. Вале ба назари шоҳи ҷавон арғушту ангуштаашон ба сони рақсҳойи Тойис дилрабо, шево ва ҷаззоб набуд. Рақси ў хоса бувад ва мактабу устодаш дигаргуна. Оҳанги мутантани расмӣ
1 ба оҳанги шўх гашт. Гетери хушхиром Эрис ба рақс омад, ки Тойис шиносадаш. Эриси ҳунарманд давр зада омад ва Тойисро ба рақсгоҳ хонд. Тойиси зиреҳмўй баробари даст боло кардан зеби дигар гирифт худашу базму давра. Биталомуси нерўманд пешакӣ хуб ҳамроҳи табиб аз маю бода чошнӣ карда, ки калавида ба саҳна омад, то майдондорӣ кунад. Якпоя истода гирд гашт. Ба ҳозирин нишон доданӣ буд, ки ҳунараш дар якпоя фир гаштан аст.
...Қиём кард базми Искандарӣ. Ҳамагон сархуш шуданд. Олимпиада тоҷири фарбеҳу ҳатўлро ба рақс кашид. Тойис аз чунин рафтори шаҳбону шерак гашта, Искандарро ба арсайи ҳунар кашид. Дуд кард базм.
Сипаҳсолори размдида Пармониёни баҳуш ноҷўрие медид дар базм ва бо ситеза сўйи Антипатр менигарист, ки чӣ карда дар боргоҳ? Кораш низому рабту сомон надорад. Се писари таълимдидайи сипаҳсолор Пармониён хамроҳаш: Файлотус, Паргумей ва Никонор. Пармониён умед дорад, ки чун дар аҳди Файлақус дар замони ҳукмронийи Искандар низ мавқеъ пайдо кунад. Бархост, пайк баланд кард:
— Баройи писари Файлақуси бузург!
Давоми сухани ў аҳамият надошт. Аллакай ҳама сархуш гашта буданд. Ба маънийи сухан сарфаҳм ҳам намерафтанд. Сипаҳсолор Файлақусро бузург гуфт, на Искандарро. Вале баройи шоҳи ҷавонбахт таъкиди писари Файлақус аҳамият дошт, зеро ҳарфу ҳарфчаҳо зиёд буданд дар ин боб ва то гўши Искандар расида.
Аммо Олимпиада мехост, ки Искандарро на писари Файлақуси зиштрў, балки аз тухмайи раббулнавъ Зевс донанд.
Базм дуд мекард. Ҳавойи толор хафиф гашта. Базмиён мехостанд берун шаванд аз тарабхона ва дар саҳни диж шодмонӣ кунанд. Бавижа Искандарро танг буд ошхонайи салтанатӣ. Вале ўро пардадор дами дари тарабхона боздошт ва ба гўшаш пичиррос

  1. Духтарҳойи раққоса, соҳибҷамол, боҳунар, хушадо ва ҳозирҷавоб.
пешина
аз 390
навбатӣ