Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба садояш посухе нашунид Искандар ва пеш рафта, рўпўши бистари занро бардошт. Зан дарёфт, ки садо садойи Биталомус нест ва чашмони хумориашро нимкоф карда, зеҳн монд ба омада.
Дар рўшанийи нимранги маҳтобшаби хонайи танг ўро аранге ба шоҳ монанд кард ва тасмим гирифт, ки чизе напурсида ва садо дарнадода, Искандарро ба танг гирад ва ком бардорад. Ў худро ба хоб зад, то шоҳ чӣ кунад.
— Тойис! – боз паст садо кард Искандар ва гетер худро ба мастӣ зада, даст ҷониби шоҳ ёзид ва ҳалқа кард ба гардани хамшудааш.
Чун гетер бараҳна буда ва Искандар дар либоси шаб ва ҳарду аз базми имшаба сархуш буданд, чизе боздошта натавонист эшонро.
Шўрид шоҳ ва пахш кард гетерро чунон ки боз чўҷаро...


Искандар тамоми рўз хоб кард ва шаб базми искандарӣ орост.
Дар тарабхона на, дар девони шоҳӣ базм орост. Чун шоҳони порсӣ бар тахти мурассаъ нишаста, либоси фохира дар бар, тоҷи заррину мукаллал бар сар, дастон бар дастмонаки курсӣ ниҳода, бо ифтихор наззора мекард базмро.
Ҷоми заррин бар лаълийи мисин, майгусорӣ мекард дилбари сойидсимин. Пеш меовард ба шоҳ. Шоҳи ҷавон, ки алҳол ба давлатдорӣ ва кори девон сар накарда буд ва намедонист корро аз чӣ оғозад, шурўъ кард аз бодахорӣ. Дўш баъди базми искандарӣ ў маззайи гетери ношиносро чашида ва аз ҳунари ў ба вачд омада, то рўз нахуфт ва дарёфт, ки хуштар аз он бозие нест ва болаззаттар чизе, оғозид ба базми хоса, то беҳтарин гетерро зери чашм бикунад.
Гетерҳойи соҳибҷамол ба сад ишваву ноз арғушт мерафтанд, ба зарбу садойи оҳанг шона меҷунбониданду сина, даст меафшонданду пой мекўфтанд, ангушт мазаданду каф, абрў мепаронданду дандон менамуданд ва нозу адову карашма мекарданд.
Аксари онҳо шефтаву шайдойи ҳунари хеш буданд ва бо ҳазор ранг мерақсиданд, то хуш оянд шоҳро. Ҳунар менамуданд, гоҳ-гоҳ лўлиёна соқи симини хеш аз зери домони дароз бурун оварда ва домон бардошта, беҳтару бартарийи худро нишон медоданд. Ва як тани сияҳмўйи камонабрўй бештар ба шоҳ менигаристу ишваву ноз мекард, хубтар аз дигарон синаву шона меафшонд. Як пой пасу як пой пеш ниҳода, сар ба пушт замин месойид. Баъд мўйи бар замин парешон гаштаашро ҷамъ оварда, алвонҷ медод, то гард афшонад. Гесўйи мушкинаш дастайи сунбул буд. Дар чунин ҳолат ҳам менигарист ба шоҳ. Шоҳ ҷоми даст баланд дошта, ба ў ва дигар гетерҳойи боҳунар ишора мекард, ки баройи шумо ва ҳунари волоятон менўшам. Шоҳро хуш омад ҳунари гетери гандумгун, ки зери партави ҳазоршамъ сияҳҷурда метофт. Шоҳ бархост аз ҷой ва ҷоми заррин ҷониби гетери ҳунарвар ёзида, ба лаб оварда бўсид ва қатрае чанд ба замин рехту ба сар кашид.

пешина
аз 390
навбатӣ