Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гетери нозанини боҳунар донист, ки тираш ба ҳадаф расид ва шоҳи нав бўйи шаҳват шунида, аз они ў хоҳад шуд. Вале Искандар гумон дошт, ки гетери дўшина ўст, аз ин рў ҳоҷати ўро наздаш хондану сухан гуфтан нест. Ҳар гоҳ зарурате пеш ояд, рафта ба он кулбайи шинос медарояд. Ба назари шоҳ гетерҳойи хубрў мусичаҳойи бегуноҳ, кабўтарони сабукбол ва кабкони хушхиромро монанд. Гетери гандумгуни хушрафтор бештар монанд буд ба кабки маст ва ёде аз рақси Тойис меовард.
— Чаро Тойис нест миёни гетерҳо?
— Тойис гетер нест, шоҳи ҷавонбахт. Ў духтари тоҷири юнонӣ Онаниюс мебошад.
— Ман инро медонам! Аз шумо мепурсам, ки чаро дар базм нест?
— Тойис ҳамроҳи падараш ба Отин рафта, шоҳ! – посух дод Антипатр ва Искандар ба хаёл рафт, ки дўшина ў бо кӣ хуфта буд.
— Он, ки ба ноз мерақсад, кист?
— Ў дугонайи Тойис, Эрис ном дорад.
Искандар дигар чизе нагуфт. Антипатр дарёфт, ки Эрис хуш омада шоҳро. Ёрони дигар бодахорӣ надоранд. Дуртар аз маснади шоҳӣ чанд-чанд ба по рост буда, дида ба раққоса медўхтанд ва рў ба ҳамдигар оварда, лаб мекушоданд. Садойи пасташон ба гўши шоҳ намерасид ва Искандар гумон дошт, ки зебойӣ ва ҳунари волойи гетерҳоро мегўянду муҳокима мекунанд. Ва он кӣ Биталомус ба ангушт менамуду завқ мекард, ба шоҳ хуш наомад, ки ў кори дўшинаро ба ёрон ҳикоят мекунад. Искандар шукр дорад, ки шоҳзодайи мисрӣ ба кулбайи гетер даромаданашро надид. Вагарна эдун баробари ба хонайи гетер рафтани худ, даромадани шоҳро низ ҳикоят мекард. Шоҳ лофу газофи Биталомусро медонад, аз ин рў ботинан шўрид. Кина гирифт ба шоҳзодайи мисрӣ, ки рафтору гуфтори ў ба шаъни ҷавонмардон нозебост.
— Биталомус!
Садойи Искандар боздошт Биталомусро аз гуфтор. Ў рў ба шоҳ оварда шўру хашми Искандарро дид ва дар шигифт монд, ки чӣ гуноҳе содир гашта бошад. Биталомус аз паси ёрон роҳ ҷуста назди авранги шоҳ омад ва рў ба рўяш бозистода гўш дод:
— Рафтори дўшинаатро ҳикоят мекунӣ?
Биталомус китф дарҳам кашид, ки шоҳи сархуш чӣ мегўяд.
Шоҳи таълимдидайи аврангзеб шоҳзодайи мисриро дар ҳолати нобоб гузошт.
— На, шоҳи аврангзеб... – чӣ гуфтанро надониста чунин посух дод ў. Чун Искандар «шоҳи аврангзеб» гуфтани ўро шунид, хушаш омад ин сухан ва ҳайрон низ шуд, ки шоҳзодайи мисрӣ аз куҷо пайдо кард чунин таъбирро.

пешина
аз 390
навбатӣ