Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шакарханда ва ишорайи чашм кард, то наздаш равад. Биталомус паҳлўйи тахт рафт ва Искандар сар баногўши ў оварда пурсид:
— Шаб куҷо будӣ?
— Ҳамроҳи шоҳ будам...
Искандар баланд хандид ва якбора андомаш ҷиддӣ шуд: «Бирав!»
Биталомус бирафт. Искандар боз андешаманд шуд. Аввал ба ҳарфи ў сарфаҳм нарафт, сонӣ гумон кард, ки ба хонайи гетер рафтани ўро гуфт. Вале фикр накард, ки ў шаби базмро дар назар дорад.
Искандар шўриду хурўшид, Олимпиадаву Антипатр ўро боздошта натавонистанд. Ба майдон омад. Гетерҳойи соҳибҷамолу нозанин ўро ҳалқа гирифтанд ва ў зонувонашро қат карда, оринҷони қаткардаро ба ду паҳлў пахш карда, дастонро кўтоҳ дошта, ангушта зада, каҷак-каҷак ба рақс даромад. Шоҳ буданашро фаромўш карда, якбора бол кушода дод зад. Гетерҳо хўсиданд чунон ки барраҳо аз гург...
Эрис аз ҳалқайи гетерҳо берун мерақсид, шоҳро хуш наомад.
Шоҳ мехост, то ў низ дар ҳалқа бошад. Шоҳи ҷавон низ бурун рафт аз дойира ва ҳамроҳи Эрис дастафшониву пойкўбӣ кард.
Эрис чун дид, ки шоҳ рағбати афзун дорад, товусвор хиромид ва гирди ҳалқайи гетерҳо гашт. Искандар низ гирди эшон гашт чунон ки хурўс даври мокиён; дасти росташро чу боли хурўс кашол карда ва қомат якпаҳлў хамида хиромид... Ёрони ў каф кўфтанд ба ҳунари шоҳи ҷавон ва рўҳ гирифт Искандар. Қомат баланд дошта, сари сина хурўсона дамида, гардан фароз карда, болафшон ҳамла овард сўйи гетери боҳунар ва ў чу мокиёни гурезон хешро ба ҳалқайи раққосаҳо зад. Раққосаҳо даст ба даст гирифта нагузоштанд хурўс дарояд ба дойира. Хурўс хам хўрда аз зери дасти онҳо даруни дойира шуд ва рақсид бо Эрис. Ёрони шоҳ «Хурўс!
Рақси хурўс!» гўён кафкўбӣ карданд. Завқиданду хандиданд ва Искандар аз он лаҳза баройи дўстон «хурўс» лақаб гирифт. Тамоми шаб базм идома дошт. Искандар шоҳиро фаромўш кард.
Дўстонро пеш хонду аз баҳри яккамайхорӣ баромад ва ҷомҳо садойи баланд доданд. Искандар масти аласт шуд ва гетерҳоро ёд накард... Бихусбид тамоми рўз ва бегоҳ боз андар тарабхона шуд. Ўро одат гашт рўз хуфтану шаб базмидану размидан. Шоҳи шабрав ном гирифт. Ба баҳонайи сайри гулгашти диж шоҳ дерёз дар пайроҳаҳо гом зад. Ҳазор бор аз назди дари гетерҳойи хуфта гузашт. Чун шаб рафта аз дари гетерҳо касе набаромад, боз дари парер шаб кушодаашро кўфт.
— Бифармо!

пешина
аз 390
навбатӣ