Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

раҳ сипарид сўйи ҷануб. Искандар дарёфт, ки юнониён ўро шоҳ надонистанд, балки кўдак пиндоштанд ва ошуфтанд зидди мақдуниён. Ҳаво тира гашта аз гарди суми асби саворон, ки гўйӣ дуди ғазаби шоҳу сипоҳаш бошад. Найзаҳо ҷавшан гашта ҳаворо. Дирафши зарди мақдунӣ парафшон аст ва намояд самти вазиши бодро. То душманон бўй нагиранд чу ғизол аз омади сайёд.
Искандари доно дар рафти сипоҳ самти ҳаракат дигар кард ва бигзашт ногаҳон сўйи вилояти шимолийи Фессалияйи Юнон. Чун аз миёни кўҳи Олимп ва Осса тангное буд ва фессалиён пеши ин роҳро баста буданд, убури сипоҳи мақдуниро хатаре пеш омад.
Ва сипаҳсолор талоя боздошт. Искандар аз пешгўийи Аристандри раммол хавф дарёфт, вале бозпас гаштанро нангу ор донист ва фармуд зинаву помонакҳо кананду созанд бар кўҳи Осса. Боло шаванд бар танайи зинадори кўҳ ва резанд бар сари наҳзатиён.
Искандар нияти хунрезӣ надошт. Ошўбу шўр фурў нишонда, ба хушӣ империяйи падариро пойдор гардониданӣ буд. Аммо чун донист, ки элладиҳову юнониён кина варзиданд ва Мақдуниёву мақдуниёнро нафрин доранд, хашм гирифт бар эшон. Бавижа бедорийи Демосфени демократи оташинсухану сиёсатмадор, ки дар аҳди Файлақус душманиашро ошкор сохта, юнониёнро ба озодиву ватанхоҳӣ даъват мекард, акнун ба қиём расидааст. Демосфени юнонӣ алам кашида, ки як мулки хурди бебунёд, ки дирўз хитаву қитъаву пора-пора буд, имрўз ба ҳам омада, ба сари давлату дунёйи собиқадор, таъриху тамаддуну фарҳангдор чун Юнон шамшер мекашад, сари донишмандону ҳакимону адибонашро, ки гузаштаашро таърих сохтаанд, аз тан ҷудо месозад, хун ба обу хок меомезад ва оташ мезанад бори дигар Отинро чун порсиён, чун Файлақуси нодида чароғи чилла ва ҳарфи зиёд.
Ба Искандар чунин ҳарфҳо на, чизи дигар алам кард: ба шуниди ў Демосфен зархариди порсиён аст, аз ин рў пардайи гулў дарронда мақдуниёнро бад мегўяд, юнониёнро ситойишу ҳимоя мекунад ва гуфторо, ки бо сипаҳсолор Аттал паймон дорад дар Осиёйи Сағир...
Шоҳи ҷавон, ки орзуйи ҷаҳондорӣ мепарварид дар дилу сар, ҷойи орзуро хашм гирифт. Ғазаб кард ба Демосфену Атталу юнониён. Ва сар пур аз шўру сафро пай набурд, ки чун зина сохтанд бар танайи кўҳ ва чӣ гуна боло шуданд бо чунин зудӣ. Сипоҳи пиёдайи мақдунӣ кўҳи Оссаро гирд гашту пушти душманро гирифт. Элладиён аз чунин барори кори мақдуниён огоҳ гаштанд, тарсу шуданд. Рў ба фирор оварданд. Аммо ҷой ва пойи гурез надоштанд. Саворасипоҳи мақдунӣ бо сарварийи шоҳи ҷавон тангнойи кўҳи Олимпу Оссаро убур карда, сўйи водийи Тампай роҳ сипарданд. Чун элладиён дарёфтанд, ки ба дом омадаанд, ҷуз таслим илоҷи дигареро надиданд. Вилояти шимолийи Юнон дубора сар фаровард ба мақдуниён ва Искандари ҷавонро сарвару сардори мулк хонд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё