Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар лашкар кашид ба вилоятҳойи марказийи Юнон. Ҳар ҷое мерафт, ногаҳон мерафт ва ғофилгир мекард душманро. Чунин усули сипаҳдориву лашкаркашӣ хуш омад шоҳи шабравро. Ногаҳон рафтану шаб нахуфтану шаб кўфтан писанд афтод Искандари ҷавонбахтро.
«— Ай шоҳи ҷавонбахт! Туро аз Зевси барроқ зудиву чолокӣ, аз Геракл нерў, аз Ахилл сипардориву найзаандозиву шамшерзанӣ мерос монда...»
Ҳарфи Аристандри пешгўро ёд меорад Искандар пеш аз набард ва ба майдон медарояд, то худовандону рўҳи бобову або мададгораш бошанд.
Вале ҳолиё Искандар ҳайрон, ки чаро юнониён паймоншиканӣ карданд? Ҳанўз аҳдномайи Коринф ботил нашуда. Аз рўйи ин аҳднома юнониён хидматгузор ҳастанд ба шоҳ Файлақусу Мақдуниё.
Чун дарёфтанд, ки Файлақус фавтида ва писари хурдсоли ў пайгир шуда, паймон шикастанд ва шўру балво барангехтанд.
Сипоҳи Искандар хайма зад андар вилояти Биотия. Сари ҷанг надошт. Чун медонист, ки бори дигар Юнонро абгор кардан ҷуз зиён нест, дер нишаст дар пардасарой, то чӣ хезад аз ҷониби юнониён. Шоҳи ҷавон ҳавойи лашкаркашийи Осиёро дошт. Аз ин рў намехост юнониёнро ранҷонад, балки созиш кунад бо эшон ва истифода барад артиши баҳрийи Юнонро, сарбозони кирояйи онро.
Он рўзи барҳаво Искандар бурун омад аз пардасаройи хеш ва рўй бар осмон овард, ки чӣ рўзест босафо. Ончунон рўшан аст осмону ҳаво, ки рўзи Наврўзи Ҷам. Вале аз замини самти ҷануб гарде бархост ба ҳаво. Дар шигифт шуд шоҳи ҷавон ва рўй сўйи ғубор овард, ки тохтро мемонд. Талоя низ дида буд меғро. Шоҳ мушоҳида мекард, ки гарду ғубори ҷондор пеш меомаду баланд мешуду ғайб мезад ва аз нав пайдо мегашт.
— Таковаронанд! – садо омад аз талоя, вале шуморайи каму зиёдро нагуфт.
Искандар ишора кард. Садойи карраной боло шуд. Сарбозону сипаҳбадон бурун омаданд аз хаймаву саройҳо. Пушти зин шуданд саворон, саф оростанд пиёдагон... Ва чун бод омад таки тездав ва чароғпоя шуд ба д-он шаст ва савораш зер омад. Посух дод шоҳро:
— Таковаре чанд меоянд.
— Бидонед, то чӣ хоҳанд!?
Таковар ончунон ки омада буд, бозпас бишуд. Искандар донист, ки саворони юнонӣ меоянд, иддаое доранд, на ҷанг, зеро бо чунин шумори ночиз касе набард накунад. Ва боз омад он савори тезтак ва зер шуд аз асбу зону зад, сар андохту фармуд:
— Фиристодагонанд аз Отин!
— Бифармоянд!

пешина
аз 390
навбатӣ