Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барбарҳо дар тангноҳо аз ўҳдайи боздоштани сипоҳи Искандар набаромаданд. Мақдуниён чу мўру малах омаданд сўйи қулла.
Фракиён, ки ёройи пархош надоштанд, гардунаҳойи теғчарху бурроро раҳо карданд ба истиқболи адў. Чангу ғубор бархост, ҳаво пурмеғ шуду тира, ки кас касро надидӣ.
Сипоҳи ду карона пароканда шуданд, ҳамчунон ки фармуда буд сипаҳсолор. Гардунаҳойи душмани омода бо ҷойи бекас озод ғелида ба зер рафтанд. Қалбгоҳи сипоҳи мақдуниён, ки ҷойи гурез намонда буд, сарҷамъ бихобиданд ба замин ва бо сипарҳо хешро сарпўш карданд, ба назар зиндабагўр шуданд. Силоҳи тезпойи теғдор ба сипарҳо бархўрда, аз рўйи сипарҳойи рўйину симин бигузаштанд ва ба зер шориданд. Фракиён надиданд чӣ шуд бо мақдуниён. Пиндоштанд зери чархҳойи теғдори гардунаҳо пораву сўрох гаштанд ва реза-реза. Вале онон сипарҳо сарпўши сағона пиндошта, нафасҳо ба дарун гирифта, то убур кардану ба зер ғелидани гардунаҳойи ҷангӣ бардошт карданд... Пасон чун зиндабагўрон сипарҳо бардошта бархостанд ва тан афшонда, шуданд ҳуҷумовар.
Искандар бо фавҷи хеш ҷой гирифт андар майсара. Талоя пеш андохт. Камонварону найзаандозон, шамшерзану сипардоронро ҳидоят ба овард кард. Тирандозон ҳуҷуми барбариёнро боздоштанд.
Искандар аз майсара ҳамлавар шуд, аз маймана шоҳзодайи мисрӣ Биталомус. Онҳо биовехтанд ба ҷанг. Ончунон шуд, ки гарди замин дакка зад ба фалак. «Барбар»-ҳойи таълими ҳарб надида рў ба фирор оварданд. Чун роҳу рав хуб медонистанд, зуд ғайб заданд.
Вале чун ҳунари пархош надоштанд ва нигарони набарди чанг ба чанг буданд, дар оварди рўёрў зиёд мурданд. Зану фарзандонашон асир афтоданд, ғаниматашон ба яғмо рафт...
Зиёда аз яку ним ҳазор мурда андар хами ёлаҳо, пуштаву бармолаҳо, сари сангу паси буттаҳо ва сари роҳу обкандҳо абадӣ бихуфтанд. Онҳое ки пойи гурез тез карда буданд, пиндоштанд ҷон ба саломат мебаранд. Аммо Искандар таъқибро бас накард, балки метохт чу шер аз пайи гўр.
Шоҳи Фракия Сирми тарсу чун нокорийи ҷанговарони хешро дарёфт, дасту дил шуст аз нерўву набарди эшон ва ба танг омад.
Чу харгўши заҳракаф ҷой бишуд андар найзор. Сипоҳи ў низ чунон кард, ки шоҳ. Паноҳ бурданашон баройи ҷанг буд, ҷанги чанг ба чанг. Чунон ки гургони гурусна баробари дидани рама хешро ба он сў андозанд, онон низ чунон карданӣ буданд...

  1. Аз ду ҷониби берун ба чархҳо теғи дудама васл мешуд, ки гоҳи ҳаракат касони паҳлўро қалам мекард.
пешина
аз 390
навбатӣ