Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Вале Искандар коре кард, ки онҳо чашмдор набуданд: тирандозон ва фалахмониёнро дар сафи пеш гузошт. Эшон найзорро сангборон карданд. Ва он ҷоро, ки аз безобитагийи гурезаҳо сари найҳо меҷунбид, тир мезаданд. Сарбозони Сирмшоҳ безобита гаштанд. Найзор мавҷ мезад аз беқарориву ҷунбиши эшон. Аз осмон санг борид бар сарашон. Аз ин ҷо низ чун харгўшони тарсу рў ба гурез ниҳоданд, омаданд ба майдони фарох.
Фавҷҳойи сипоҳи Искандар омода буданд андар ямину ясор ва қалбгоҳ; чу аҷал рехтанд бар сипоҳи беқарору гурезони Сирм; чунон овард карданд, ки аз хуну хок гил ба вуҷуд омад ва аз зери суми асбон ба ҳаво пош мехўрд ва пиёдагонро пой мелағзонд.
Ҷанговарони мақдунӣ дар ҳар қадам пеши пой мехўрданд бар мурдагон. Се ҳазор кушта гаштанд аз барбарон. Боқимондаҳо пойи гурез кушоданд. Сирм низ фирор кард.
Фалак сияҳпўш шуд. Тираву тор гашт фазо. Ҳаво биборид.
Мақдуниён даст аз набард боздоштанд.
Искандар ҳанўз қонеъ набуд аз чунин разм. Зеро адў чун рустшавакони кўдакона бозӣ кард, зиддияти сахт нишон надод. Баъдан вилоятҳойи шимолийи Юнон ба тасарруфи ў надаромада буданд.
Шоҳи ҷавон азми зиёд дошт баройи мутеъ гардонидани барбариён ва кўҳистониёни озод. Инчунин ҷазмӣ буд баройи хоки империяйи хешро фарох гардонидан ва аз зердастон боҷу хироҷ ситонидан.
Искандар чун ба даҳанайи рўди Истра расид, киштиҳойи ба кўмак омадайи юнониёнро дарёфт, чеҳрааш кушод, дилпур шуд аз иттифоқчиён, боз пеш рафт, то қавму қабилаҳойи кўчманчиро низ мутеъу муттафиқ гардонад. Рўд дамида буд. Искандар фармуд хаймаву чодарҳойи чармиро бидўзанд, коҳ ҷой кунанд, то аз рўд озод убур созанд. Ҳамчунон карданд. Чун шаб фаро расид, шоҳи шабрав фармуд, то фавҷҳо бигзаранд. Яку ним ҳазор сипоҳиёни савора ва чаҳор ҳазор пиёдааскарон убур карданд рўдро ва нишастанд андар соҳили душман.
Чун фалак дамид сипоҳи мақдунӣ низомиёна саф орост дар дашти кушод: талоя дар қалбгоҳ ва саворагон андар майманаву майсара. Ин бор ҷанг бо гетҳо буд. Гетҳо чун парокандаву тойифаву қабила буданд, низ ҳуҷуму зарбайи аввалро тоб оварда натавонистанд. Гурезон шуданд сўйи шаҳри бепуштупаноҳ ва
1 бесоҳибу беҳомӣ. Шаҳр сӣ стадий дуртар аз рўди Истра буд. Ва чун шаҳрро дифоъ карда натавониста рў ба гурез оварданд, он макон бекас монд. Искандар ба беҷонийи он нигоҳ накарда шаҳрро хароб гардонд. Тороҷ кард ва ҳама чизро ба яғмо бурд. Ғанимат фиристод ба Мақдуниё ва худ баргашт ба пардасарой...
- Стадий = 184,98 м.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё