Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Искандар фароғат дошт даруни саропарда. Сипоҳиён низ андар хаймаҳо хушиҳо доштанд, вале намеғунҷиданд андар чодарҳо. Зеро дар берун баҳор омада буд, баҳори гуворо ва дилкаш. Ҳазорнакҳат.
Искандари ҷавон болидарўҳ буд. На аз накҳату бўйи баҳор, бал аз он ки кишваркушойӣ кард; ҷое ки пойи падар нарасида, ў забт кард, вале боре пеши назараш намеояд, ки чӣ шумор мурдаҳоро зери суми Бусефал гузошта, онҳоро баробари мўр надониста, аз пайи соҳибони ватан асб мемонд, эшонро аз мулкашон меронд; доштаашонро мегирифт, надоштаашонро талаб мекард; боҷ меандохту хироҷ меситонд. Ифтихор дошт, ки кори падар накардаро карда ва кардаро афзун гардонида. Минбаъд бояд ҳарфи ў ҳарф бошад ва армонаш амалӣ гардад.
Бифармуд, то асбоби базм муҳайё кунанд. Базм орост андар канори Истра... Чун базм ба авҷ расид ва шоҳи ҷавон аз ҳарфи дўстон ва ситойиши наздикон дар пўсти хеш намеғунҷид, хабар расид, ки ду пайк омада аз ҷониби шоҳи трибаллиҳо Сирм.
Бозоварданд бо рухсати Искандар ду пайкро. Онҳо рў ба рўйи шоҳи ҷавонбахт замин бўсида, баробар ба сухан оғоз карданд:
— Шоҳи трибиллиҳо Сирми некдил ва келтҳойи халиҷи Ионний шодбош мегўянд шоҳи некбахтро!
— Шоҳи мақдуниён мепазирад паёму дурўди шоҳ Сирмро!
— Сирми некдил фармуд, ки шоҳи ҷавонбахт чӣ шартҳо дорад баройи сулҳу салоҳ?
Искандар муддате андешид, ки чаро фиристодагон якбора аз шарти шоҳӣ сухан карданд? Ҳоло, ки гуфтугў нашуда дар боби оштӣ. Ва ў низ яклухт печонд муродро:
— Ба сарваратон бирасонед, боҷ ва товони ҷангро бипардозад!
Ду пайк баробар таъзим карданд, ки пазируфтанд шартро ва рухсати бозгашт хостанд.
— Биравед!
Шоҳи ҷавон Искандар низ бо сулҳу салоҳ бозгаштанӣ шуд ба мулки хеш, вале иллириён шоҳро маҷбур сохтанд, то пархошро идома бидиҳад. Сарварони қабилаҳойи ҳамсоя Клит ва Главкий бо тойифаҳойи автариат ваҳдат карданд, то сипоҳи мақдуниро дар тангнову убургоҳҳойи пурхавф несту нобуд созанд. Шоҳи ҷавон Искандар чун шунид ин хабарро, хашм гирифт бар қабилаву тойифаҳойи камҳуш ва корзорнадида. Мисли набардҳойи рўёрў сипоҳ гирд наёвард, саф наёрост, қалбгоҳу майманаву майсара ва талояйи пешгард нагуфт, фонасурат фавҷ-фавҷ саф наёвард, балки бо қабилаҳойи созишкарда – агрианҳову пеонҳо ҳамрой ва ҳамнерў гашт ва ногаҳон бар автариатҳо тохт овард. Кишварашонро хароб кард, сари ошўбгарон ба хоку хун биоғушт, коло ғанимат гирифт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё