Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

садо дардода, сарвари демократҳойи озодихоҳ Демосфени ватанпарастро сиёҳ мекарданд:
«— Демосфен мамлук бувад порсиёнро! Ў аз онон се-сад толон ришва гирифта, то сарвари балвогарони Отин бошад ва бо шўру исён воми хеш бипардозад! Шумо ба ў бовар накунед! Ў ҷосус аст! Ҳаргиз Юнону юнониёнро хидмат накунад!».
Ва мардум дудила шуданд: яке ба ҳимояйи Юнон бархезад, дигаре ўро аз роҳ мезад; аз тарси мақдуниён ба кишвару мардуми хеш хиёнат мекард. Вале оташи шўру қиёми исёнгарон бо барфу борон фурў нишонда намешуд. Андар Фиву Аркадиёву Элида, Массенияву Этолия оташи шўру балво аланга гирифт.
Фивиҳойи қиёмкарда пештар ва бештар аз ҳама шўриданд. Онҳо медонистанд, ки Искандари мақдунӣ андар дижи Кадмей фавҷи вафодори хешро гузоштааст, чун ватандор талаб карданд аз эшон сар фароварданро ва ҳуҷумовар шуданд. Қасрро иҳота карданд, мадад аз Зевси барроқ хостанд ва забт карданд онро. Аз арки сарой бурун оварданд гумоштайи шоҳ – сипаҳбадони мақдунӣ Аминтаву Тимолайро ва пеши чашми мардум сар заданд. Гирдандари ҳисор хандақ канданд шаборўз, то даруни қасрбудагон мададе набинанд аз бурун. Вале отиниҳо паймон шикастанд ва ёриву мадади хешро дареғ донистанд. Он гоҳ фивиҳо беаслиҳа монда, рўҳафтода шуданд...
Чун ин қисса ба гўши Искандар расид, кин гирифт. Шўрид ва ғазаб кард. Парешон низ шуд: мабод ки оташи дар Фива забона зада шаҳрҳойи дигари Юнонро фаро гирад. Пурандеша шуд, ба таҳлука афтод. Даргузашт аз баҳри барбарҳойи шимолӣ, рў овард ба худойи барроқ Зевси тавоно. Бишитофт, то барқосо дар шаҳрҳойи оташгирифтайи Юнон ҳозир гардад. Хуни тези ҷавонӣ, оташи ғазаб ва хавфи аз даст рафтани сайд ўро ба танг овард. Ангушт мушт кард, ба назар балвогаронро чу муште гил миёни панҷааш меҷафид ва об аз он мечаконд. Тамоми роҳ дар чунон рою андеша буд, ғазаб мекард, андоми Демосфени демократ пеши назар меовард ва кин гирифта буд бар ў. Шаб мерафту рўз.
Сипоҳро ба ҷон расонида буд, вале касеро забони шикоят ва сари шўр ва пойи гурез набуд.
Шоҳи шабрав сипоҳи мақдунӣ ба ҷон расонда, дар тўли ду ҳафта ба шаҳри Биотия ворид гашт, ки ватандорони ошўбгар бехабар монданд. Волийи паймоншикани Биотия ва тамоми мардуми он аз расидани шоҳ Искандар ва сипоҳи ў дар ғафлат буданд. Ба эшон чунон расонда буданд, ки Искандар фавтида ва сипоҳи ў андар дуриҳост ва ба наздикиҳо то ба ин ҷо расиданаш гумон аст. Чун лашкари мақдунӣ зуд расид, войизон баройи шерак кардани мардум ҷор андохтанд, ки омада Искандар набувад, балки Антипатр фармонравойӣ дорад ва Александри бародаркуши линкестидӣ солори сипоҳ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ