Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале нобаҳангом Фивро гирдандар омадани сипоҳи сиву се ҳазорайи мақдуниён ҳамаро пуршигифт кард ва мардум лаънат хонданд войизони дурўғгўйи ҳангомахоҳро, ки Искандари валиаҳд дар ҳаёт буда, эшонро фирефтанд. Искандар сари ҷанг надошт. Андешайи юриши Порсро мекард: сипоҳ талаф надиҳад, юнониёнро ба худ душман нагардонад. Ў нигарон буд, то чун ҳамеша тойифаву табақаҳойи носозгори сипоҳи юнонӣ аз ҳам бирезанд; фавҷҳойи бесару сомон сари ҳамдигар бихўранд; халойиқ ва ҳокиму ҳомиён худ аз худ таслим хоҳанд шуд. Ҳарчанд Искандар дилпур буд аз лашкари варзидаву размидайи мақдунӣ, разму пархош намехост.
Нигарон буд, то душман набард оғоз кунад ва сулҳу оштӣ ҷўяд.
Шоҳи мақдунӣ гирдандари шаҳр гўё дам мегирифту нафас рост мекард, то чӣ хезад аз миён. Шоҳ умед дошт фивиён аз кардаву кирдорашон пушаймон гарданд ва пайк бифиристанд баройи сулҳу салоҳ. Вале онҳо андешайи дигар доштанд: Шўройи сипаҳбадон биоростанд. Шўро авлотар бидонист ва ба қароре омад, ки сар раваду мулк аз даст наравад. Ҷанг мебод...
Дер биандешид Искандар ва сабр кард. Чун аз эшон пурсише, ё дархосте нашуд, пайке бихонд ва фиристод ҷониби сипоҳи Фив.
Фиристода чун ворид шуд, рўёрўйи сипаҳсолори фивиён биистод ва пайғоми шоҳ Искандарро расонд:
«— Шоҳ Искандари мақдунӣ дурўду пайғом фиристода амири Фивро! Ҳамзамон равшан гардад, ки шоҳ Искандар сари ҷанг надорад, сулҳ хоҳад. Чун амири Фив паймон шикаст ва ба ҷанг пардохт, аз рўйи аҳднома товон бояд бидиҳад. Шоҳи мақдунӣ дархост дорад, ки амири фивиҳо баройи ошўби ноҷо саркардагон Феник ва Профитро товон бидиҳад...»
Сарҳанг бихандид ва тани зиреҳпўши хеш биларзонд. Хў ди ҷангӣ бар сар устувор кард, табассум андар лабонаш ши каст:
— Фивиҳо тороҷгар наянд, ки товони ҷанг бидиҳанд! Он сарфавҷҳо замини Юнонро ҳимоя мекунанд. Чун Искандари мақдунӣ ба марзи мо лашкар кашида, товон ў бидиҳад. Мо сарҳангони ў Антипатр ва Файлотусро талаб дорем!
Чун фиристода посух бозовард, Искандар дарёфт, ки фивиён пархош меҷўянд, на сулҳ. Бо чунин посухи беандешаёнайи худ эшон бар оташи ғазаби ў равған рехтанд. Ў лашкар омода сохт ба ҷанг. Садойи карраной баланд шуд ва фивиҳойи даруни девор осемасар гаштанд. Деворҳо сўрох гардониданд, шинак гирифтанд андар тиркашҳойи диж. Тирборон карданд сипоҳи мақдуниро...
Ҷанг сар шуд. Андар миёна девор буд, фивиён фавҷи талояйи Искандарро зери борони тир гирифтанд. Искандар чун талафи талоя бидид, талояйи пешгард бозхонд; фавҷи камонварону чобуксилоҳон пеш монд. Чун тирҳойи мақдуниён ба девор бархўрда кора надошт ва аз ин сипари азими фивӣ гузаре набуд, мақдуниён сипаргир девора сохтанд ва сари зону нишаста пеш рафтанд то ба зери девор.

пешина
аз 390
навбатӣ