Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аррода устувор карданду манҷаниқ андар сари бора, ки усули ҷанги юнониён буд... ва санги зиёд оварданд. Сангборон карданд паси деворро. Гўё осмон санг зойид. Фивиён ба танг омаданд. Мақдуниён муддате чирадаст гаштанд. Ватандорон пас-пас рафтанд. Мақдуниён гурези онон дида шерак гаштанд ва аз сари деворҳо ба дарун рехтанд ва тохтанд сўйи дижи Кадмей. Сипоҳиёни гумоштайи мақдунӣ андар муҳосира буданд. Мақдуниён барори корзор дида, ҳуҷумовар шуданд девонавор. Сипоҳиёни фивӣ ба ҳарами Ҳеракл наздик шуданд. Ва қисми зиёдашон андар хандақи гирди диж шинак гирифтанд.
Мақдуниён ҷанги хунин карданд, ҳамлавар гаштанд чу шерон.
Фивиён дарёфтанд хавфро, аз роҳи ҳарами Ҳеракл якбора баргаштанд ва ҳуҷум оварданд камонварони мақдуниро. Мақдуниён рўпас гашта, пойи гурез карданд тез ва кушта шуд сипаҳбадашон Эврибот.
Искандар хашм гирифт бар фивиён ва талоя пеш андохт, ки анбўҳ буду синондор ва сипарҳо сари сина пўшида пеш мерафт.
Чунон пурвоҳима мерафт, ки дасти тирандозони фивӣ биларзид.
Аз ҳамлайи гарону сангини мақдуниён фивиҳо дасту пой хўрданд ва пас нишастанд дубора. Чунон буду чунин шуд, ки фаромўш карданд бастани дарвозаҳойи дижро. Фавҷҳойи ҷангийи мақдуниён аз дарвозаҳои боз рехтанд чу мўру малах ва асирони андар дижи Кадмей будайи хешро озод карданд аз ҳараму кўшкҳо. Чу озод гаштанд асирон, ёр гаштанд ба ҷанговарон.
Сарбозони фивӣ аз қасру кўшку атрофи ҳарам бурун рафтанд, андар майдонҳои кушод озод набард карданд. Шаҳр табдил ёфт ба корзор. Ҷанге шуд, ки аз замони Дақёнус то он рўз чашмҳо надида, гўшҳо нашнида. На танҳо сипоҳиён, акнун ҳар фарди юнонӣ ҷанг мекард. Олигархиёни бо мақдуниён паймонбаста ва демократҳойи озодихоҳ миёни хеш ба ҷанг омаданд ва чунин носозийи гурўҳҳо мақдуниёнро даст дод, то зудтар пирўз гарданд бар душман.
Мақдуниён кўшку ҳарамҳоро забт карданд, пасон ба шаҳр баромаданд. Ҳар кӣ пеш омад, сараш гирифтанд. Раҳме набуд, гузаште набуд; қатли ом шуд. Ҷонваре ҷон ба саломат набурд.
Ҳанўз ҳам кини Искандар аз дил нарафта ва ғазабаш фурў нанишаста. Куштор андар кўчаву бозор, хонаву ҳарам, гаҳвораву батни модар буд. Мақдуниёни забткор бикуштанд фивиёнро зиёда аз шаш ҳазор. Ҳанўз ташнагийи шоҳ Искандар ба хун нашикаста.
Мехоҳад пархош кунад, хун резад, сар гирад, товон барад, ки хазинайи шоҳӣ тиҳист.
Искандар хоки Фивро бехт. Зану фарзандони онон ба ғуломӣ бифрўхт ба ивази чаҳор саду чиҳил толони нуқра. Пасон Шўройи Иттифоқро даъват кард, то сарҳангону сарони тарафайн собит гардонанд, ки мақдуниён гунаҳгор наянд андар набарди Фив.
Балки фивиён паймон шикастанд; рахна заданд ба Аҳдномайи Иттифоқи Коринф – ду нуқтаашро вайрон карданд: бар зидди Мақдуниё оташи ҷанг афрўхтанд; фирориёни сиёсӣ ба ватан бозгаштанд.

пешина
аз 390
навбатӣ