Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

– Эй малик! Акнун, ки ба куштанам остин барзадай, маро дастурӣ деҳ, ки ба хонаи хеш раваму васият бигузорам ва маро китобест баргузида, ӯро оварда, бар ту ҳадя кунам.

Малик гуфт:
– Чӣ гуна китобест?

Ҳаким гуфт:
– Он китоб судҳои бисёр дорад. Камтар судаш ин аст, ки пас аз он ки сар бурида шавад, малик он китобро бикушояд ва аз саҳифаи дасти чап се сатр бихонад, он гоҳ сари ман дар сухан ояд ва он чиро малик суол кунад, посух диҳад.

Маликро ин сухан аҷаб омад ва ҳакимро ба посбон супурда ҷавози1 рафтанаш дод. Ҳаким ба хонаи хеш рафта ду рӯз дар хона ҳамебуд. Рӯзи севум дар пешгоҳи малик ҳозир гашт. Китобе куҳан бо мукҳулае2 дар даст дошт. Табақе хоста аз он мукҳула андаке дору ба табақ фурӯ рехту гуфт:
– Эй малик, ин китоб бигир! Чун сари маро бибуранд, бифармой, ки дар ҳамин табақ ниҳода, бад-ин дору биёлоянд, ки хунаш бозистад. Он гоҳ китоб кушуда, бад-он сон, ки гуфтам, се сатр бихон ва аз сари ман он чи хоҳӣ, суол кун.

Малик китоб биситад ва хост, ки онро бикушояд, варақҳои китобро ба ҳам пайваста ёфт. Ангушт ба оби даҳан тар карда варақе чанд бикушуд ва ба осонӣ кушуда намешуд. Чун шаш варақ бикушуд, ба китоб андар хатте наёфт. Гуфт:
– Эй ҳаким, хатте дар китоб надидам.

Ҳаким гуфт:
– Варақе чанд низ бигардон.

Малик авроқ ҳамекушуд, то ин ки заҳре, ки ҳаким дар китоб ба кор бурда буд, бар малик коргар омад ва фарёде


1 Ҷавоз – иҷозат.
2 Мукҳула – сурмадон

пешина
аз 92
навбатӣ