Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
камхирадӣ ба сабаби хобе, ки изғоси иҳлом1 аст, аз шаҳре ба шаҳре сафар кардай.
Пас аз он шаҳна дираме чанд ба он марди бағдодӣ бидоду гуфт:
– Ин дирамҳо тӯшаи роҳи худ гир ва ба шаҳри худ бозгард.
Он мард дирамҳо гирифта ба Бағдод бозгашт ва бад-он нишон хона, ки шаҳна сифат карда буд, хонаи ҳамон мард будааст. Чун ба хонаи худ расид, ҳавзро биканду молро бадар овард.
АҶУЗИ ПАРҲЕЗГОР
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки марде аз ҳоҷиён бар сари роҳ дергоҳе бихуфт. Чун аз хоб бедор шуд, асаре аз ҳоҷиён наёфт. Бархоста ҳамерафт, то роҳ гум кард. Ба бероҳа равон шуд. Аз дур хаймае дид. Бар дари хайма рафта, аҷузе ёфт, ки дар назди он аҷуз саге хуфта буд. Пас ба он хайма наздик шудаву ба он аҷуза салом дод ва аз ӯ таом хост.
Аҷуз гуфт:
– Ба ин саҳро шаву морҳо сайд кун, то ман морҳо барои ту бирён кунам.
Он мард гуфт:
– Маро ҷуръати сайд кардану хӯрдани мор нест.
Аҷуз гуфт:
– Бим мадор, ки ман бо ту меоям ва аз он морҳо сайд кунам.
Пас аҷуз бархосту бо ӯ бирафт ва саг аз пеши эшон равон шуд. Аҷуз аз морҳо ба қадри кифоят сайд кардаву бирён сохт. Он марди ҳоҷӣ гуфтааст: Чора ба ҷуз хӯрдани мори бирёнкарда надидам. Аз он морҳо бихӯрдам ва ташна шудаму аз аҷуз об хостам. Аҷуз ба ман гуфт:
– Ба назди чашма шаву аз он чашма об бинӯш.
1 Изғоси иҳлом – хобҳои парешон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё