Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман ба сӯйи он чашма рафта, оби ӯро талх ёфтам, вале ҷуз хӯрдан чора надидам. Пас аз он ба сӯйи аҷуз бозгаштаму ба ӯ гуфтам:
– Эй аҷуз, аҷаб аз ту, ки дар чунин макон мақом дорӣ ва таоми ту ин гуна хӯрданихосту туро об аз ин чашмаи талх аст?

Аҷуз гуфт:
– Магар билоди шумо чӣ гуна аст?

Он мард гуфт:
– Дар шаҳри мо хонаҳое васеъ ва меваҳое лазизу ширин ва обҳои гуворову хӯрданиҳои хушу гӯштҳои фарбеҳ ва соири чизҳои некӯ чандон аст, ки ҷуз биҳишт дар ҷойи дигар ёфт намешавад.

Аҷуз гуфт:
– Ман инҳо шунидаам, валекин ба ман бигӯ, оё шуморо султоне ҳаст, ки ба шумо ҷавр кунад ва агар аз яке аз шумоҳо гуноҳе сар занад, моли ӯро бигираду ӯро талаф кунад ва агар хоҳад, шуморо аз хонаи хештан берун кунад?

Марди ҳоҷӣ ба он аҷуз гуфт:
– Оре, ин гуна чизҳо иттифоқ меафтанд.

Аҷуз гуфт:
– Ба Худо савганд, чун чунин аст, он таомҳои латиф ва обҳои гуворову меваҳои лазиз бо он зулму ситам заҳри музобест1 кушанда ва моро одат гирифтан ба ин гуна таомҳо тарёкест судманд. Оё нашунидай, ки бузургтарини неъматҳо баъди ислом, сиҳҳату амн аст ва ин ҳам аз адолати султони рӯйи замин даст диҳад ва аз ҳусни сиёсати султон амну амон падид ояд ва салотини пешин дӯст медоштанд, ки эшонро ҳайбате бошад, ки раъият онро бибинаду аз ӯ битарсад, валекин подшоҳи ин замонро фарз аст, ки барои ӯ сиёсати тамом ва ҳайбати бузург бошад, аз он ки мардумони ин рӯзгор чун пешиниён нестанд, ки онҳо дилсахт ва

1 Музоб – обкардашуда, гудохташуда.

пешина
аз 92
навбатӣ