Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

зиёдтар буду на камтар. Пас он молро бардошта, аз он ният боз гашт. Ва он гунбадҳо аз аҷоиби рӯзгор буданд ва дар рӯйи замин монанди онҳо дар истеҳкому баландӣ ёфт намешуд ва онҳоро бо сангҳое бузург бино карда буданд. Сангҳоро сӯрох карда, қазибҳое1 оҳанин ба сӯрохи он санг гузошта ва санги дигарро низ сӯрох карда, аз рӯйи он қазиби оҳанин ба фарози санги дигар гузошта буданд ва он гоҳ сурби2 гудохта бар он рехта буданд ва баландии ҳар бино сад зироъ3 аз зироъҳои он вақт будааст. Ва пешиниён гуфтаанд, ки: «Дар он гунбаде, ки хароб кардаанд, сӣ хазина будааст пур аз гавҳарҳои қиматию молҳои бисёр ва суратҳои ғарибаву олоту аслиҳаи фоҳира, ки онҳоро бо равғане равғанмол карда буданд, ки то рӯзи қиёмат он олот занг нагиранд ва дар он хазинаҳо шишаҳое ҳаст, ки печида мешаванд-у намешикананд ва гуна-гуна маъҷунҳо4 дар он ҷо ҳаст ва дар гунбади сонӣ хабарҳои коҳинон5 дар лавҳаҳо навишта, аз ҳар коҳине ба як лавҳе навиштаанд ва дар он лавҳ санъатҳои аҷибаи он ҳаким марсум аст ва дар деворҳо суратҳо ҳаст, монанди асном,6 ки бо дастҳои хештан ҳама кор бикунанд ва ҳар гунбадро хозине буд, ки посбонии ӯро мекард ва дар аҷоиби он биноҳо худовандони басоиру7 абсор8 дар ҳайрат монда, дар васфи онҳо ашъор гуфтаанд ва аз ҷумлаи он ашъор ин абёт аст:
Зи бас нағзкорӣ чу кохи Сулаймон,
Зи бас устуворӣ чу садди Сикандар.

1 Қазиб – шох, навда.
2 Сурб – қӯрғошим.
3 Зироъ – андоза, тахминан 48 см.
4 Маъҷун – чизи аз чанд модда таркибёфта.
5 Коҳин – марди рӯҳонии мисриён, насрониён ва яҳудиёни қадим.
6 Асном – ҷамъи санам, бут.
7 Басоир – равшандилону донишварон.
8 Абсор – биноӣ, қувваи басира.

пешина
аз 92
навбатӣ