Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

лаҷуҷу1 хиёнаткоранд. Агар, Худо накарда султон дар миёни эшон заиф бошад ва ё ин ки худованди сиёсату ҳайбат набошад, шак нест, ки шаҳр хароб хоҳад шуд ва дар амсол гуфтаанд, чизе ки мазмуни он ин аст, ки: Агар подшоҳ сад сол ситам кунад, беҳтар аз он аст, ки раъият бо якдигар як рӯз ситамгорӣ кунанд ва ҳар вақт, ки раъият ситамгорӣ пеш гиранд, Худои таоло султони ҷаббору малики қаҳҳор бар эшон мусаллат кунад. Чунонки дар ахбор ворид шудааст, ки Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф2 рӯзе аз рӯзҳо лавҳе падид овард, ки дар он лавҳ навишта буданд, ки: Парҳезгор бош ва бандагони Худоро ситам макун! Чун Ҳаҷҷоҷ лавҳ бихонд, ба минбар фароз рафт ва ӯ басе фасеҳ буд. Он гоҳ гуфт:
– Айюҳаннос!3 Худои таоло маро ба ҷиҳати аъмоли шумо ба шумо мусаллат карда. Агар ман бимирам, шумо бо ин аъмоли зишт аз ҷавру ситам халосӣ нахоҳед ёфт. Касе аз ман ситамгартар султони шумо хоҳад буд, ки шоир гуфтааст:
Яке меравад, дигар ояд ба ҷой,
Ҷаҳонро намонанд бекадхудой.

АҲРОМИ МИСР
Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки Маъмун ибни Ҳорунаррашид ба маҳрусаи4 Миср даромад. Ба хароб кардани гунбадҳои ҳарамон фармон дод, то молеро, ки дар он макон буд, ба даст оварад ва чун хост онҳоро вайрон кунад, натавонист. Басе дар харобии он макон бикӯшиду басе мол сарф кард, як утоқи кӯчак беш натавонист вайрон кунад. Гуфтаанд, Маъмун дар он утоқ чандонки мол сарф карда буд, мол падид овард, на

1 Лаҷуҷ – саркаш, якрав.
2 Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф (661-714) – аз амирони номдори хулафои умавӣ, ки золимиву ҷаббории ӯ дар замони зиндагӣ ва баъди вафоташ масал гардида буд.
3 Айюҳаннос – Эй ҷамоат.
4 Маҳруса – мамлакат, кишвар.

пешина
аз 92
навбатӣ