Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ин хислату саховат нест, магар аз Маън ибни Зоида. Хуб аст ҳар яке аз мо шеъре дар мидҳати ӯ бигӯем.

Духтари нахустин гуфт:

Савоб кард, ки пайдо накард ҳар ду ҷаҳон
Ягона Эзади додору беназиру ҳамол,
В-агарна, ҳар ду ҷаҳонро кафи ту бахшидӣ,
Умеди банда намондӣ ба Эзади мутаол.

Ва духтараки дувумин гуфт:
Замин ба сими ту симин кунад ҳаме чеҳра,
Ҳаво ба зарри ту заррин кунад ҳаме ашкол,
Суол рафтӣ пеши ато пазира кунун,
Ҳаме атои ту омад пазира пеши суол.

Духтараки севумин гуфт:
Дастат ба саҳо чун яди байзо бинамуд,
Аз ҷуди ту дар ҷаҳон ҷаҳоне бифузуд.
Чун ту сахие на ҳасту на хоҳад буд,
Гӯ, қофия дол шав, зиҳӣ олами ҷуд!

Чунин гӯянд, ки Маън ибни Зоида бо ҷамоате ба нахҷир рафтанд. Онҳоро галлаи оҳуе пеш омад, ба сайд кардан пароканда шуданд. Маън ибни Зоида бар асари яке аз он оҳувон равон гашта, аз ҷамоат дур афтоду бар оҳу зафар ёфт. Аз асб фуруд омада, ӯро забҳ кард ва дар он ҳол марде дид, ки ба дарозгӯш нишаста меояд. Маън ибни Зоида савор гашта, пеш рафт ва он шахсро салом доду ба ӯ гуфт:
– Аз куҷо омадӣ?

Он шахс гуфт:
– Аз сарзамини Кузоъа меоям ва солҳост, ки дар он сарзамин бориш набуд. Имсол, ки борон биборид ва замин сабзу хуррам шуд, ман дар он сарзамин полиз

пешина
аз 92
навбатӣ