Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

кошта, аз хиёрҳои1 пешрасида барчида, амир Маън ибни Зоидаро, ки дар сахову ҷуд шуҳрат аст, қасд кардаам.

Маън ба ӯ гуфт:
– Таманнои ту аз ӯ чанд аст?
Он мард гуфт:
– Ҳазор динор таманно дорам.
Маън фармуд, ки:
– Ин қадар аз барои ту бисёр аст.
Гуфт:
– Понсад динор таманно хоҳам кард.
Фармуд:
– Агар бигӯяд, ки ин бисёр аст?
Гуфт:
– Сесад динор таманно кунам.
Фармуд:
– Агар бигӯяд, ин ҳам бисёр аст?
Гуфт:
– Дувист динор бихоҳам.
Фармуд:
– Агар бигӯяд, ин низ барои ту бисёр аст?
Гуфт:
– Сад динор дархост кунам.
Фармуд:
– Агар бигӯяд, ин қадар бисёр аст?
Гуфт:
– Панҷоҳ динор таманно кунам.
Фармуд:
– Агар бигӯяд, ин ҳам бисёр аст?
Гуфт:
– Бо сӣ динор бисозам.
Фармуд:
– Агар бигӯяд, аз барои ту ин қадар низ бисёр аст?
Гуфт:

1 Хиёр – бодиринг.

пешина
аз 92
навбатӣ