Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа
Шигифт нест, ки аз даст бигзарад амдан,
Ки ҷоҳу мол ба савдои ман зи даст биҳишт.
Бувад на дузду ба дуздӣ ҳамекунад икрор,
Ки фош кардани сирр аст пеши ошиқ зишт.
Чун Холид абёт бихонд, аз мардум ба як сӯ рафта, танҳо биистод ва духтаракро талабида, ҳикоят бозпурсид. Духтарак гуфт, ки:
– Ин писар ошиқи ман аст ва ба қасди зиёрати ман ба хонаи мо даромада, санге ба огоҳонидани ман ба хона андохта буд ва падару бародаронам садои санг шунида, берун рафта буданд. Чун ин ҷавон эшонро бидид, ба ҷамъ овардани чизҳои хона пардохт ва хешро чунон бинамуд, ки дуздӣ ҳамекунад ва қасдаш ин буд, ки парда аз маъшуқааш бардошта нашавад. Пас, чун падару бародаронам ӯро дар ин ҳолат бидиданд, ӯро бигирифтанд ва ба ҷиҳати дуздӣ ба назди амир биёварданд. Ӯ низ ба сирқат1 эътироф кард, то ман расво нашавам ва худро аз ғояти ҷавонмардӣ бад-ин вартаи бузург бияндохт.
Пас Холид гуфт:
– Ба Худо савганд, сазовор нест, ки дар баровардани ҳоҷати ин ҷавон накӯшам.
Он гоҳ писарро назди худ хонда, ҷабини ӯро бӯса дод ва падари духтаракро бихосту ба ӯ гуфт:
– Айюҳашшайх, мо қасд карда будем, ки дасти ин ҷавон бибурем, валекин Худо маро аз ин хатар нигоҳ дошт ва акнун даҳ ҳазор дирам бад-ин писар ато кунам, аз он ки ӯ дасти худро аз баҳри поси номуси туву номуси духтари ту базл карда буд ва духтари туро низ даҳ ҳазор дирам ато кунам, ки ӯ маро биёгоҳонид ва аз ин хатар маро боз дошт ва аз ту ҳамехоҳам, ки иҷозат диҳӣ, то духтари туро бад-ин писар тазвиҷ кунанд.
Он шайх гуфт:
1 Сирқат – дуздӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё