Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

– Айюҳаламир, ҷавоз додам.

Пас Холид шукри Худо ба ҷо овард ва базме некӯву шоиста аз барои ақд фурӯ чид ва духтараки моҳрӯйро ба он писар тазвиҷ карду фармуд, ки бист ҳазор дирҳамро бо духтарак ба хонаи он писар бурданд ва мардумони Басра фараҳноку шодон боз гаштанд ва ман аҷабтар аз он рӯз рӯзе надидам, ки оғози он рӯз гиряву андӯҳ ва анҷомаш нишоту сурур буд.

КАРАМИ БАРОМИКА

Ва аз ҷумлаи ҳикоятҳо ин аст, ки Яҳё ибни Холид ва Абдуллоҳ ибни Молики Хузоъӣ хусумати пинҳонӣ бо ҳам доштанд, вале ошкор намекарданд ва сабаби душманӣ дар миёни эшон ин буд, ки халифа Ҳорунаррашид Абдуллоҳ ибни Моликро басе дӯст медошт, ба ҳадде, ки Яҳё ва фарзандони Яҳё мегуфтанд: «Абдуллоҳ халифаро афсун кардааст!».

Алғараз, дергоҳе ҳол бад-ин минвол рафт ва ҳасаду хусумат дар дили эшон барҷой буд. Иттифоқан, халифа мансаби вилояти мамлакати Арманро ба Абдуллоҳ вогузор фармуд ва Абдуллоҳро ба сӯйи Арман бифиристод ва чун Абдуллоҳ дар мақарри вилоят ҷой гирифт, аз аҳли Ироқ марде худованди фазлу ҳунар, ки бас бебизоату парешонҳол буд, мактубе музаввар аз забони Яҳё ибни Холид ба Абдуллоҳ ибни Молик сохта, ба сӯйи Абдуллоҳ сафар кард. Чун ба дари хонаи Абдуллоҳ расид, мактуби музавварро ба яке аз ҳоҷибони ӯ бидод. Ҳоҷиб китоб гирифта, назди Абдуллоҳ бурд. Абдуллоҳ мактуб кушода, бихонд. Чун дар он мактуб тааммул кард, донист, ки он мактуб музаввар аст. Он гоҳ он мардро бихост. Он мард ҳозир гашта Абдуллоҳро дуо кард. Абдуллоҳ ба ӯ гуфт:

– Чаро бо ин ҳама ранҷу тааб мактуби музавварро аз барои ман овардӣ? Валекин андеша макуну ташвиш як

пешина
аз 92
навбатӣ