Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

чӣ доштам, бифурӯхтам, сад ҳазор динор ҷамъ овардам ва дар кори худ ба ҳайрат андар будам, то ин ки шабе аз шабҳо ман дар он ҳолат нишаста будам, ки ногоҳ дар бикӯфтанд. Ғуломеро гуфтам:
– Бибин, ки бар дар кист?
Ғулом берун рафт. Чун боз гашт, дидам, ки гунаи ӯ зард гаштаву тани ӯ ҳамеларзад. Ба ӯ гуфтам:
– Туро чӣ рӯй дод?
Гуфт:
– Бар дар марде дидам, ки ҷомаи пӯст дар бару теғ дар даст дошт ва ҷамъе дар ҳамин ҳайат бо ӯ буданд ва туро ҳамехоҳанд.
Пас шамшер бигирифтаму берун рафтам. Эшонро дидам, чунон буданд, ки ғуломак гуфта буд. Ба эшон гуфтам:
– Кори шумо чист?
Гуфтанд:
– Мо дуздон ҳастему имшаб ғанимате бузург ба даст овардем ва ӯро пешкаши ту гардонидаем, то дар ин тангдастӣ, ки ту ба сабаби ӯ андӯҳнок ҳастӣ, аз он ёрӣ ҷӯйию воми худро адо кунӣ.
Ман ба эшон гуфтам:
– Он ғанимат куҷост?
Дарҳол эшон сандуқи бузурги пур аз зарфҳои заррину симин ҳозир оварданд. Чун ман ӯро бидидам, фараҳнок шудаму ба худ гуфтам: «Воми худро аз ин сандуқ бидиҳам ва аз барои ман ду баробари вом захира хоҳад монд». Пас ман сандуқро гирифта, ба хона даровардам ва бо худ гуфтам: «На аз ҷавонмардист, ки эшонро тиҳидаст равона кунам». Пас он сад ҳазор динори нақдро, ки ҷамъ оварда будам, ба эшон бидодам ва шукри эҳсони эшон ба ҷо овардам. Эшон зарҳо бигирифтанду аз пайи кори худ бирафтанд ва ҳеҷ кас аз ин кор огоҳ нашуд. Пас, чун бомдод шуд, ҳар чиз, ки ба сандуқ андар буд, мисинаш ёфтам, ки

пешина
аз 92
навбатӣ