Зеҳн
Ҳазору як шаб

Ин китоб маҷмӯаи ҳикоёти пандомӯз ва машҳури шарқӣ аз қабили силсилаи «Ҳазору як шаб» мебошад. Дар он қиссаву ҳикоятҳои ҷолиб бо мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 92 саҳифа

ҲикояФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

зарандуд карда буданд ва ҳамаи онҳо баробари панҷсад дирам набуд. Пас ман аз талаф шудани зарҳои худ ва ба фиребе, ки аз эшон хӯрда будам, андӯҳноку маҳзун гаштам. Ва аҷибтар ҳикояте, ки дар замони вилоят ба ман рафтааст, ҳамин буд. Вассалом!

Пас аз он волии Мисри қадим бархосту гуфт:
– Айюҳассултон, аҷибтар ҳикояте, ки маро рӯй дода, ин аст ки ман даҳ тан аз дуздонро ба дор кашидам ва ҳар якеро аз чӯбе ҷудогона овехтам ва посбонон ба хиросати1 эшон бигумоштам. Пас, чун фардо шуд, ба пойи дор рафтам, ки куштагонро назора кунам. Ду кушта аз як чӯб овехта дидам. Ба посбонон гуфтам, ки:
– Ин кор кӣ кардааст ва он чӯбе, ки ин кушта ба ӯ овехта буд, куҷост?

Посбонон ҳақиқати ҳол аз ман пинҳон доштанд. Он гоҳ ман қасди озурдани эшон кардам. Гуфтанд:
– Айюҳаламир, бидон, ки мо дӯш хуфта будем. Чун бедор шудем, дидем, ки яке аз доровехтагон гурехта ва чӯби дорро бурдааст. Бад-ин сабаб мо аз ту ба ҳарос будем, ки ногоҳ деҳқоне дидем, ки харе дар пеш дошт. Мо ӯро гирифта бикуштем ва ба ҷойи гурехта аз ҳамин чӯбаш биёвехтем.
– Эй подшоҳ, маро сухани посбонон аҷаб омад.

Ба эшон гуфтам:
– Деҳқон чӣ чиз ҳамроҳ дошт?
Гуфтанд:
– Хурҷине дар пушти хар дошт.

Пурсидам, ки:
– Ба хурҷин – андар чӣ буд?
Посбонон гуфтанд:
– Намедонем.

Гуфтам, хурҷин дар назди ман ҳозир оварданд. Чун хурҷин бикушудам, марде кушта дар хурҷин дидам. Бо худ гуфтам: «Субҳоналлоҳ, сабаби кушта шудани ин

1 Хиросат – посбонӣ.

пешина
аз 92
навбатӣ